Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бохтар. Ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд


Бохтар. Ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд



Бо оғоз гардидани мавсими нави ниҳолшинонӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар тадбирҳои оммавии экологӣ гузаронида шуда, мувофиқи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон дар мавзеҳои муайянгардидани ниҳолони сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон хабар медиҳад. Дар ҳамин доира дар ҷитъаи замини ёрирасони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ки чор гектарро дар бар гирифта, дар ҳудуди шаҳри Бохтар, шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Панҷи Поён ҷойгир аст, бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа ҳашари ниҳолнинонӣ ташкил карда шуд.

Тибқи иттилои масъулин ниҳолони ҳамешасабзи сузанбар дар атрофи ин қитъаи замин шинонида шуда, минбаъд дар инҷо парвариши ниҳолони гуногуни сояафкану ҳамешавасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар назар дошта шудааст, ки барои сарсабзу хуррамгардонии дигар мавзеҳо мусоидат менамояд. Тибқи иттилои Халилзода Шамсиддин, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ба самти кабудизоркуниву беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, сарсабзиву хуррамии гулгашут хиёбон, боғҳои фарҳангу-фароғатӣ ва назди биноҳои маъмуриву хизматарасонӣ ба зебогии шаҳр таровати тоза зам менамояд.

Дар шаҳри Бохтар дар баробари ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ҳамзамон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо пайваста иқдомҳои экологии тозагии соҳил, тозагии маҳал ва тозагии шоҳроҳ гузаронида шуда, ба ин воиста муҳити атроф ба хусус марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳо тозаву озода гардонида мешавад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода