АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 232
Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бистунуҳумин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштан.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бахшида ба 29-умин солгарди "Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" табрик ва муборакбод намуд. Инчунин таъқид намуданд, ки «Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.
Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.
Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим дар мавзуи “Арҷ гузоштан ба бузургони миллат мояи ифтихор аст” ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмудов Изатулло дар мавзуи “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар раванди рушди тамаддуни башарӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуд.
Зикр гардид, ки имрӯз асари “Тоҷикон” ба китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик мубаддал гардидааст. Воқеан ҳам, ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Қаҳрамони Тоҷикистон,академик Бобоҷон Ғафуров дар навиштани китоби “Тоҷикон” заҳмати хело зиёде кашиданд. Маҳз ҳамин китоб бузургии миллати тоҷикро бори дигар исбот сохт. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.
Зимнан дар идомаи сухан аз иқдоми навбатии Пешвои миллат доир ба нашри асари безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар ҳар як оилаи мамлакат дастрас намудани он ёдрас шуда, ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлатро барои огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш муҳим ва саривақтӣ донистанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00