Таъзия ва ҳамдардӣ. Даргузашти собиқ раиси вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабарҳо, Боздид 295
Роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз даргузашти раиси собиқи вилояти Хатлон, ходими барҷастаи давлатӣ, инсони накукору нексиришт, қонунмеҳвару масъулиятшинос Амиршо Миралиев андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум дар таҳаммули дарди фироқ сабру шикебоӣ хоҳонанд.
Мо бо хонаводаву бозмондагони марҳум ғамшарику ҳамдардем ва ба онҳо дар таҳаммули ин мусибат сабри ҷамил таманно дорем.
Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинградро (Россия) хатм кардаанд.
Дар давраи Шуравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) расида буданд. Аз соли 1994 то 2000 дар вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кардаанд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Соли 2001 раиси вилояти Хатлон таъйин шуда, 5 сол ин вилояти сернуфусро роҳбарӣ намуданд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар замони роҳбарии он кас хеле баланд шуда, барои беҳтар шудани сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.
Соли 2006 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайат муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб гардиданд.
Ходими маъруфи давлатӣ Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ аз дунё даргузаштанд. Хотираи дурахшони инсони некном дар дилҳои мо ҷовидонист.
Ному ёдашон гиромӣ ва маскани охираташон пурнур бод!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...