Автобусҳои нав ба ҳаракат медароянд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 247
Дар хатсайрҳои наздишаҳрии Бохтар автобусҳои нав ба таври озмоишӣ ба ҳаракат оғоз намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи масъулин, автобусҳо дар самтҳои Кӯшониён ва Вахш ба ҳаракат баромадаанд. «Ин аввалин шумораи озмоишии нақлиёти мусофирбар мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд харида шудааст. Ҳамин тариқ, микроавтобусҳои куҳна ва аксар вақт садамавӣ, ки дар хатсайрҳои шаҳр фаъолият доштанд, дар ояндаи наздик иваз карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки барои занон ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад, ки барои ин минтақа дорои аҳамияти хос мебошад», - баён намуд манбаъ.
Арзиши автобусҳои харида 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...