Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили Рӯзи волонтёрон дар Хатлон


Таҷлили Рӯзи волонтёрон дар Хатлон



Дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеа, пайваста дастгирӣ меёбанд.

Ҳамин аст, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту бахшҳои зертобеи он беш аз 20 ҳазор волонтёрон фаъолият мекунанд, ки кори онҳо тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат ва саҳм гузоштан дар ободиву рушди Тоҷикистон азиз мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, рушд додани ҳаракати волонтёрӣ як қатор ҷавонони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода