Подоши корнамоиҳо маҳбубият аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 295
Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида, рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид. Ҷангу низоъҳо миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи ҳалокат раҳонида, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва беш аз як миллион оворагонро ба Ватан бозгардонид. Дар натиҷаи роҳбарии дурандешона дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд. Барои ба мамлакати воқеӣ ва якпорча табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол нақбҳо канда шуда, шоҳроҳҳо сохта шуданд. Имрӯз мардуми шимоли мамлакат дар тӯли сол бидуни монеа ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе рафтуомад мекунанд. Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ имрӯзҳо Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои амнтарини дунё эътироф шудааст.
Дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи тоҷик ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикист он ба гулистон табдил ёфт. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ низ задааст ва имрӯзҳо Тоҷикистон ба пешбарандаи ҳалли мушкилоти масоили обу иқлим дар сайёраи замин табдил ёфтааст. Бузургтарин дастоварди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон гувоҳи он аст, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. Истиқлолияти авлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳаракат мекунад ва аз ин рӯ ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ ҳисобида, он дар дохили мамлакат бо таври пурра риоя карда мешавад. Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро таъсис дода, онро ба қувваи бузурги муҳофизи давлат ва марзу буми он табдил дод.
Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Ҳамин тавр, хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Чӣ қадаре, ки аз корнамоиҳо ва ҷонифидоиҳои Пешвои муаззами миллат ёдрас бигардем, ҳамон қадар кам аст, аз ин лиҳоз, мо аҳли ҷомеаро мебояд гуфтори “Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан”-ро шиори ҳамешагии худ қарор дода, пайравӣ аз корнамоиву ҷонфидоиҳои ин шахси баруманд намуда, дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши худро гузорем.
Самандар Раҷабализода,
унвонҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...