Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷашни Сада ҷаҳонӣ шуд


Ҷашни Сада ҷаҳонӣ шуд



6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси  фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус ба рӯзномаи «Хатлон» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана 4 декабр иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кор шуруъ намуд.

Чорабинии мазкур то 9 декабр идома ёфта, дар он намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки муҳаққиқон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии ориёӣ эълон намудаанд. Миллати бузурги куҳанбунёди мо, ки дар тӯли дарози таърих бисёр офаридаҳои худ, аз ҷумла арзишҳову муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои аҷдодии хешро аз даст дода, аз ҷабри таърих ибрат гирифта буд, дигаргуниҳои куллии иҷтимоиву сиёсии охири қарни ХХ-ро гарм истиқбол намуд. Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ҷашнҳои миллии ниёгонамон ҷашни Сада низ аз нав эҳё гардида, ҳар сол дар моҳи январ дар Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад.

Боиси ифтихор аст, ки дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчунин номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Зарандуд, зарҳалкорӣ, зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои барҷастаи маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрӯз маъруфияти зиёд дорад. Анъанаи бофтани атласу адрас ҳамчун як бахши бофандагӣ дар байни мардуми мо таърихи тӯлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишварамон атласу адрас имрӯзҳо матоъҳои серхаридор маҳсуб мегарданд. Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросими анъанавӣ аз матоъҳои хушбофти мазкур ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода