«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 349
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакати мо рӯйдоди бесобиқа буд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар он солҳо таҳқиқоти бевоситаи Бобоҷон Ғафуров ё зери назари ӯ силсилаи асарҳои «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (1972), «Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал — Берунӣ» (1974), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт»» (1971), «Мирзо Fолиб – шоири бузурги Шарқ» (1972) ва «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» интишор ёфтанд, ки аз ҷониби муҳаққиқони давлатҳои гуногун сазовори баҳои баланд гардиданд.
Дар хориҷи мамлакат тарҷума ва нашр гардидани асарҳои арзишманди Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ӯ мебошад.
Ҳамзамон Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ таъкид намуданд, ки «ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем».
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00