Пешвои миллат – кафили сулҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 263
Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди фарзонаи миллат дар бунёди давлати миллӣ нақши муҳиме дорад. Хизматҳои Пешвои миллат дар таърихи навини тоҷик, хусусан, дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона бешумор буда, шоёни таҳсину офаринҳост.
Ҳамин аст, ки заҳматҳои бешумори Президенти мамлакатро ҳам халқи тоҷик ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва қадршиносӣ кардаанд. Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11–уми декабри соли 1999 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, соли 2005 аз тарафи Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоят ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои сулҳ ва ризояти байни халқҳо» ва соли 2016 Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф гардиданд.
Нақш ва заҳмату фидокориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма мегирад. Эмомалӣ Раҳмон аз давраи нахуст Раиси Шурои Олӣ дар Иҷлосияи 16–умин интихоб шуданаш ба бунёдкориву созандагӣ пардохт. Ӯ чун фарзанди содиқи Ватан барои ободии ин марзу буми аҷдодӣ камари ҳиммат баста, худро фидои Модар – Ватан сохт. Ба савганди тантанавиаш, ки ёд карда буд, вафо кард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандонааш тавонист, ки кишвари дар вартаи нестӣ қарор доштаро аз мушкилот берун орад, оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созад, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор созад, артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис диҳад, заминаи сулҳи миллиро матраҳ созад, мардуми парешону гурезаро ба ватани аҷдодӣ баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонад.
Мушкилии мардуми тоҷикро осон бикард,
Ин ҳама аз баҳри мо Эмомалӣ Раҳмон бикард.
Дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлоли моро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ гардид. Дар барқарор кард ани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, бузург мебошад.
Бо иқдоми сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ному эҷодиёти ниёгони бузургу бомаърифатамон аз нав зинда гардид. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028-умро Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор эълон кард. Соли 2010 бо ибтикори Пешвои миллат иди Наврӯз дар 64-ум ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид ҷаҳонӣ шуд ва таҷлили дигар ҷашнҳои ниёгон, аз қабили Сада, Меҳргон, Тиргон дар дохили кишвар ба ҳукми анъана даромад, ки минбаъд ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешаванд.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои неки инсонӣ бузургдилию шуҷоат, ақлу заковат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори сулҳу ваҳдатофариро ато кард, ки ин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба қуллаҳои баланди худогоҳию хештаншиносӣ расонид:
Шукронаи сулҳу ваҳдати ин миллат,
Шукронаи раҳбаре, ки дорад давлат.
Шукронаи ободиву озодии халқ,
Тоҷик дигар, кош, набинӣ зиллат.
Халқи тоҷик маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид ва ба сӯи ояндаи неку дурахшон устуворона қадам ниҳод.
Имрӯз халқи тоҷик дар атрофи роҳбари оқилу фарзонаи хеш ҷамъ омада, баҳри сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат баста, ҳама гуна дастуру супоришҳои Пешвои маҳбубамонро сармашқи кори худ қарор додаанд.
Меҳани хуштолеам, доимбаҳор,
Бо чунин фарзанд дорӣ ифтихор.
Марҳабо, бар ин дилоро шаҳри мо,
Пешвои оқилу фархундаёр.
Умарҷони Мирзошариф
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...