«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» - зодаи истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 356
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» рушду такомул ёфта, дар бисёр муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ ва дигар гӯшаву канори кишварамон чунин марказҳои гуногуни таҳлилию таҳқиқотӣ созмон дода шуд.
Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳ зоҳир намудани муҳаққиқон ба ин масъала аз он иборат аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат - ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «Ҷавонон-ояндаи миллат», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: 10 соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва муҳтавои дигар хизматҳояшон дастраси мардум гардида, боиси ифтихори ҳамагон гардидаанд.
Инчунин ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, мақому манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ба яке аз мавзуъҳои мубрами таҳлилӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари ин, квотаи президентӣ, ҷалби духтарон ба таълим ва аз онҳо тайёр намудани лидерҳои сиёсӣ низ диққати пажуҳишгарону олимонро ҷалб намудааст, ки дар ин марказҳо бояд мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гиранд.
Тазаккур бояд дод, ки обрую нуфузи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амалҳои сиёсии сулҳпарварона, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, содиқ будан ба Ватану миллат ва ҷонфидоиҳо барои таҳкими давлатдории навини миллӣ боло гардидааст. Президенти мамлакат ба мардуми мо сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ оварданд, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳамон замон он касро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ ва дурбин эътироф намудаанд.
Барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба идоракунии давлатӣ, изҳори боварӣ намудан ба ҷавонони кишвар ва тарбия намудани онҳо ҳамчун сарварони сиёсӣ яке аз омилҳои асосии «Мактаби сарварии Президенти кишвар» ба шумор меравад. «Мактаби сарварии Президенти кишвар» дар ҷумҳурӣ мақому манзалати худро пайдо намудааст, ки аксари ҷавонони Тоҷикистон худро бо номи “Мо- пайравони Пешвои миллат” муаррифӣ менамоянд.
Пайдо шудани чунин як мактаби бузурги сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолӣ маънои онро дорад, ки ҷавонони соҳибмаърифати кишвари мо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ғояҳои онро дар амал татбиқ менамоянд.
Аллакай дар ҳамбастагӣ бо маркази номбурда, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ китобхонаи электрониву анъанавии замонавие ба истифода додааст, ки дар он аз рӯи нақшаи корӣ мизҳои мудаввар баргузор мегардад ва донишҷӯёни ин боргоҳи илм аз хазинаи ин китобхона истифода бурда, ба асарҳои Пешвои миллат шинос мешаванд ва таҳлилу таҳқиқотҳои худро роҳандозӣ менамоянд.
Дар рушд ва густариши забони давлатӣ саҳми Пешвои миллат хеле барҷаста мебошад. Барои боло бардоштани мақоми забони давлатӣ Ҷаноби Олӣ китобе бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат” доранд, ки имрӯз китоби рӯимизии муҳаққиқону донишмандон гардидааст. Дигар хизмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисси ватандӯстӣ ва фарҳангпарварии эшон ҳамчун Сарвари сиёсӣ шаҳодат медиҳад, ин эҳёи фарҳанги миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ мебошад.
Бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат маънавиёти мардуми мо дубора эҳё гардид. Дар ин замина як қатор суннатҳои миллӣ, анъана ва ёдгориҳои таърихии халқи мо ба руйхати ЮНЕСКО ворид гардид.
Фаъолияти минбаъдаи Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсӣ инъикосгари он аст, ки дар муҳлати начандон тӯлонӣ тавонистанд дар роҳи ба даст овардан ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, барқароркунии низоми сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Ин ва дигар масъалаҳои мубрами сиёсӣ мавзуъҳои бунёдии «Мактаби сарварии Пешвои миллат» мебошанд, ки донишҷӯёни мо дар омӯзишу таҳлили онҳо имрӯз ҳиссагузор мебошанд.
«Мактаби сарварии Пешвои миллат» мактаби роҳбарӣ, донишандӯзӣ ва пайвандгари наслҳои ҷавон мебошад, ки барои рушду нумӯи имрӯзу фардои кишвар нақши муҳим дорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори мактаби сарвариест, ки дар маҷмуъ, барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои давлатдорӣ мақому манзалати хосса дорад. Мо ба Ҷаноби Олӣ эътимоду боварии комил дорем, ки дар рушду инкишофи чунин як Маркази илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ва бавоярасонандаи сарварони сиёсӣ, заҳматҳои худро дареғ намедоранд ва мо-ҷавононро ба қуллаҳои муроди худ мерасонанд. Таъсиси чунин Маркази нави сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қимату нуфузи баланд дошта, барои ҷавонони хуштолеи мо навгонии сиёсӣ ва такягоҳи боэътимоде мебошад, ки бештар баҳри идоракунии давлатӣ ва муттаҳиднамоии оммаи мардум бояд қарор гирад.
Давлатбек Қурбонов,
раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии
Бохтар ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...