Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ҲОСИЛИ "ТИЛЛОИ САФЕД" НАБОЯД ТАЛАФ ЁБАД"


ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ҲОСИЛИ "ТИЛЛОИ САФЕД" НАБОЯД ТАЛАФ ЁБАД"




Имрӯз, 4 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва қисман раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Раиси вилоят оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2023, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, кишти такрорӣ, зимистонгузаронӣ масъалагузорӣ намуд.

- Кишоварзони вилоятро зарур аст, ки ҳар қитъа замини киштбобро самарабахшу оқилона истифода бурда, ба кишти зироатҳои кишоварзӣ суръат бахшанд ва дар муҳлати муайяншуда онро ба анҷом расонанд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ супориш дод, ки дар самти ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимондаи пахта ва иҷрои дурнамо дар соли 2023 бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобӣ тадбир андешанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, захираи маводи озуқаворӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи имсола ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода