Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДУ ШОҲҶОИЗА БА ХАТЛОН ОМАД!


ДУ ШОҲҶОИЗА БА ХАТЛОН ОМАД!




ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.

Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни мазкур ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор гардида амри зарурӣ дониста мешавад. 

Дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок намуданд.

Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) Хайруллоев Муҳибулло -хонандаи синфи 11-и МТМУ№14-и н.Данғара соҳиби ҷойи 2 гардиданд.

Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ Ҷононаи Бобохон-омӯзгори Коллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи 3 гардид.

Дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Набиев Амриддин - нафақахӯр аз шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 2, Маҳмадаминов Самандар Қудусович - узви хоҷагии деҳқонии «Абдуқудус»-и н. М.С.А. Ҳамадонӣ ва Саидзода Амирхон - корманди осорхонаи н. Ховалинг соҳиби ҷойи 3 гардиданд.

Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) Раҳимова Шоира Нуруллоевна -донишҷӯйи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 2 ва Оламафрӯзи Илҳомҷон -донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3 гардиданд.

Дар натиҷаи ниҳоӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ Мирдодоев Мирмуҳсин - хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и ш.Бохтар ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Ҳасани Назар-сарбози қисми ҳарбии №13483-и н. Данғара ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Ба ғолибони “Шоҳҷоиза” маблағи 70 000, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 50 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 35 000 ва ҷойи сеюм 25 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар баробари ин, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода