ВНМО бемории идорашаванда аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 397
Бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз бемориҳои хатарнок дар ҷаҳон буда, рӯз то рӯз шумораи мубталоёни он зиёд шуда истодааст. Новобаста ба андешидани тадбирҳои давлату ҳукумати мамлакат ва мутахассисон ҳанӯз ҳам паҳншавии ин беморӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории ВНМО рӯзномаи «Хатлон» мусоҳибаи ихтисосие дошт, бо мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Хатлон Тоҷиддин Турахонов, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
-Нахуст, мегуфтед, ки бемории вирусии норасоии масунияти одам чӣ гуна беморӣ аст?
-Вируси норасоии масунияти одам бемории хатарноки сироятӣ буда, аз шахси бемор ба шахси солим бо се роҳ: ба воситаи алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми истифода набурдан аз усулҳои ҳимоявӣ), тариқи хун (ҳангоми гузаронидани сӯзандору, холкӯбӣ ва дигар намуди сӯзанзаниҳо ба бадан) ва аз модари бемор ба кӯдак (навзод) мегузарад.
-Вирус чӣ гуна ба организми инсон зарар мерасонад?
- Вақте вирус вориди оганизм мешавад, инсон метавонад солҳои дароз худ-ро солим ҳис кунад. Яъне вирус дар ин муддат аз худ дарак намедиҳад.
Ин фаъолияти вирус то даме идома меёбад, ки ба системаи муҳофизавии инсон ворид нашавад. Вирус системаи муҳофизавии инсонро паст намуда, шахс ба бемориҳои ҳамрадиф, герпес (пайдошудани табхол), дарунравӣ, бронхити музмин, пневмонияи музмин ва ғайра гирифтор мешавад. Бояд гуфт, ки ин бемориҳо бо антибиотикҳо табобат намешаванд. Ягона роҳи мубориза бо ин беморӣ аз муоинаи лабораторӣ гузаштан ва қабул намудани доруҳои ретровирусӣ мебошад.
-Чӣ гуна метавон муайян намуд, ки шахс гирифторӣ бемории ВНМО аст?
-Дар марҳилаҳои аввали сироятёбӣ зукомшавӣ, сулфаи дурудароз, дарунравӣ, харобшавӣ аз нишонаҳои аввалини ин беморӣ мебошад. Аммо роҳи ягонаи аниқ ва муайян намудани он дар марказу беморхонаҳо гирифтани хун барои таҳлил мебошад.
Дар 10 рӯзи аввал ВНМО пинҳон боқӣ мемонад ва ошкор намудани он номумкин аст. Аммо миллионҳо нусхаи вирус аллакай дар гиреҳҳои лимфатикӣ ҳосил мешавад, ки онҳо наздик дар ҷойи сироятёбӣ ҷойгиранд. Сипас, онҳо паҳн шуда, ба зудӣ ба тамоми бадан мегузаранд.
-Вақте дар инсон вируси мазкур ёфт шуд, вай бояд чӣ кор кунад ва ба куҷо муроҷиат намояд?
-Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ба шахсоне ки гирифтори ин беморианд, дар марказҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО ба таври ройгон аз тамоми намуди хизматрасониҳои тиббӣ - аз муоинаи тиббӣ гузаштан, муайян намудани беморӣ, баъди муайян шудан доруҳои лозимаи репровирусӣ, бархӯрдор мегарданд.
Аз фурсат истифода бурда, ба онҳое муроҷиат менамоям, ки ба ин беморӣ гирифторанд, аммо табобат намегиранду дар қайд нестанд. Хоҳиш менамоем, ки ҳатман омада худро дар марказҳои мо ба қайд гиранду табобатро оғоз намоянд. Мақсади табобати мо беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва саломатии онҳо мебошад.
-Табобати ретровирусӣ чӣ гуна табобат аст?
-Бемории ВНМО то ҳол табобатнашаванда аст, аммо бемории идорашаванда мебошад. Табобати ин беморӣ аз худи бемор вобаста аст. Айни замон табобати ВНМО дар муқоиса ба солҳои пеш самарабахштару содатар шудааст.
Табобати ретровирусӣ давомнок буда, ҳаррӯз бояд доруи таъиншуда истеъмол карда шавад, зеро баъзе аз ин ҳуҷайраҳо «хобанд» ва дар дилхоҳ вақт метавонанд «бедор» шавад. Истеъмоли ҳаррӯзаи доруҳо сарбории вирусиро дар организм паст намуда, масуниятро баланду мустаҳкам мегардонад.
Хавфи интиқоли сирояти ВНМО, вақте шахс табобати зиддиретровирусӣ қабул мекунад, амалан ба сифр баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки шарикони ҷинсӣ, ки сирояти ВНМО-ро доранд, муҳофизат карда мешаванд. Ин ҳолат тарсу ҳаросро нисбати беморӣ кам карда, инчунин озори равонӣ коҳиш меёбад.
-Яке аз роҳҳои асосии сироятёбӣ тариқи хун мебошад. Шахсе гирифтори ин беморист, бояд ҷарроҳӣ кунад ё дандонҳояшро табобат карданист.
Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
-Нафароне, ки дар қайди Марказҳои ВНМО ҳастанд, метавонанд, дар баробари шахсони солим дар тамоми муассисаҳои тиббӣ табобат гиранд, бистарӣ шаванд ё кумаки аввалияи тиббӣ гиранд, инро қонун ва давлат кафолат додааст. Дар ҳолате ки шахс бояд ҷарроҳӣ шавад, ӯро лозим аст, ки доруҳои ретровирусиро гирад, то сарбории вирусиаш кам гардад.
-Аз шахсоне, ки мубталои ин беморианд, ба дунё омадани насли солим имкон дорад?
- Дар таҷрибаи вилоят ҳастанд заноне, ки гирифтори ин беморианд, аммо тифлони солим ба дунё оварда, тарбия намудаист одаанд.
Занҳоро лозим аст, ки пеш аз ҳомиладоршавӣ аз муоинаи табибони момодоя гузаранд. Дар ҳолати хуб баромадани натиҷаҳо, иҷозати ҳомиладоршавӣ дода мешавад. Ҳаминро бояд қайд кунам, ки агар дар организми зан вирус аз 50 нусха кам бошад, вай метавонад бо роҳи табиӣ бе мудохилаи ҷарроҳ (буриши қайсарӣ) бе зарар фарзанди солим ба дунё биёрад. Дар дигар ҳолатҳо таваллуд бо машварату маслиҳати табибон гузаронида мешавад.
Барои сироят накардани яке аз ҷуфтҳои солим (зан ё шавҳар гирифтори беморӣ бошад) дар марказҳо дору ва маводҳои пеширикунанда низ мавҷуд ҳастанд. Агар хоҳиши фарзанддор шуданро дошта бошанд, пас онҳоро лозим аст, ки доруҳои пешгирикунандаро истеъмол намоянд. Яъне доруҳои пешгирикунандаро онҳо аз рӯи реҷаи муқаррарнамудаи табиб истеъмол мекунанд, ки хатари сироятёбиро кам ва ба сифр баробар мекунад.
-Ба шахси гирифтори ин беморӣ чӣманъ аст?
-Мубталоёни ин беморӣ дар баробари шахсони солим ҳуқуқи кору фаъолият карданро дар тамоми соҳаҳо доранд.
Вале, дар ин маврид бояд ба якчанд ҷанбаъ равшанӣ андозем. Онҳо наметавонанд дар муассисаҳои тиббие, ки бо хун сару кор доранд, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амалиётҳои сӯзандоругузаронӣ, таҳлилгоҳҳо ва ошхонаву муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки бо олоти тез кор мекунанд ва хавфи захмӣ шудану хунравӣ зиёд аст, кору фаъолият дошта бошанд.
Вобаста ба истеъмоли таъому нӯшидан барои онҳо ягон намуди парҳез нест.
Баръакс тавсия дода мешавад, хӯрокҳои серғизо истеъмол кунанд.
Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян тавсия дода намешавад. Зеро истеъмоли доруҳои ретровирусӣ (ба муддати дароз ва пайваста) ва маводҳои спиртӣ боиси дар ҷигар пайдо шудани оҳаксангҳо (ё калсинатҳо) мегардад. Ин метавонад ба ҷигари онҳо осеби ҷиддӣ расонад.
-Оё онҳо ягон намуд имтиёз доранд?
- Ба ҷуз он ташхисҳо ва доруҳои ройгон дар марказҳои ВНМО, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тифлоне, ки аз модарони сироятёфта таваллуд мешаванд, дар давоми то 18-моҳагии кӯдакон шири хушк ва маводҳои гигиенӣ дода мешавад. Ба кӯдаконе, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд, ҳар моҳ ба маблағи 420 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
-Чӣ бояд кард, то сироят ба ин беморӣ кам гардад?
-Таҷриба нишон медиҳад, ки корро дар як самт бояд каме тағйир диҳем. Ин ҳам бошад, дар масъалаи муоинаи пеш аз ақди никоҳии навхонадорон аст. Навхонадорон як ҳафта ё ду рӯз пеш аз тӯй аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Рафту яке аз онҳо мубталои ин беморӣ бошад. Дар ин ҳолат мо метавонем, тӯйро ба муддати то 6 моҳ мавқуф гузорем. Ба он шахс маслиҳат дода, табобатро оғоз мекунем, то ин ки сарбории вирусии вай паст шавад. Дуюм, гирифтани розигии тарафҳо низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Ҳар яки мо метавонем, дар кам шудани гирифторони ин беморӣ саҳмгузор бошем. Лозим аст, ки дар шаш моҳ як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарем.
Баъдан корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омма зиёдтар намуда, аз оқибатҳои он бештар огоҳ созем.
Тоҷиддин ТУРАХОНОВ,
мутахассис
Толиб Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00