Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сафари кории раиси вилоят ва губернатори Свердловск ба Норак, Данғара ва Кӯшониён


Сафари кории раиси вилоят ва губернатори Свердловск ба Норак, Данғара ва Кӯшониён




Боздид аз НБО-и “Норак” 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев ба шаҳри Норак ташриф оварда, аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии НБО-и “Норак” ба номи Турсун Улҷабоев дидан намуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО “Норак” 375 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 1,4 миллиард кВт соат зиëд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавононии неругоҳ ба 3000 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 11,2 миллиард кВт соатро ташкил медод.

Мавриди зикр аст, ки соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО “Норак” баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дод шуд ва бо рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос гардид.

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, мақсад аз боздиди неругоҳ густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нав дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки ҳамкории Тоҷикистону Россия дар бахши энергетика ва саноат босуръат рушд мекунанд. Ба вилояти Хатлон аз ҷониби Федератсияи Россия 635,1 млн. доллари ИМА сармоя ворид шудааст, ки сармояи мазкур барои таҷдиди корхонаҳои зерин - ҶСК “Неругоҳи обии барқии Сангтӯда-1” истеҳсоли барқ бо маблағи умумии 624,1 млн. доллари ИМА; ҶДММ “Магнатэк Тоҷикистон” истеҳсоли сӯзишворӣ бо маблағи умумии 9,39 млн. доллари ИМА ва ҶДММ “Тента Кӯлоб” тайёр намудан ва ресандагии нахи пахта бо маблағи умумии 1,6 млн. доллари ИМА равона гардидааст.




Дидан аз ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят  Давлаталӣ Саид бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев дар ноҳияи Данғара аз Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Швейтсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст.

Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матои кешбофӣ ба кишварҳои Россия, Туркия, Белорусия, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар, дар маҷмуъ, дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад. 

Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмуъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.

Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсолшуда барои коркард ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” равона мегардад.




Шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Данғара”

Дар идома раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев дар ноҳияи Данғара аз фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” боздид намуданд.

Бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъмурияти МОИ “Данғара” 521,37 гектар замин аз ҳудуди заминҳои ноҳия ҷудо карда шудааст, ки айни замон 15 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд. Айни ҳол 369 нафар дар корхонаҳои ҳудуди МОИ “Данғара” бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Коркарди як қатор маҳсулот, аз ҷумла: истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, коркарди пӯсти чорво, рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, истеҳсоли курсию мебел, истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ ба роҳ монда шуда, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, таъмини рушди иқтидори иқтисодии кишвар, таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор, ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва монанди инҳо Минтақаҳои озоди иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд.

Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев бо фаъолияти хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кӯшониён низ шинос шуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
Ҷаҳонгоршоҳи РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода