«Ҳукумат дар Яван»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Таҳқиқи журналистӣ / Хабарҳо, Боздид 463
Ё чаро сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба талаботи “Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет” ҷавобгӯ нест?
Рушди техникаву технологияи иттилоотӣ барои бозтоби сареи рӯйдодҳо, махусусан дар сатҳи маҳал ва огоҳ шудан аз ахбори ҷаҳон василаи хубу созгор аст. Бояд фаъолияти пурсамари сомонаҳои расмии мақомотҳои иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту идораҳои давлатию хусусӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот мусоидат кунанд. Аммо сомонаҳое чун торнигори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҳастанд, ки на танҳо фазои иттилоотиро пӯшиш медиҳанд, ҳамчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет” зери суол мебаранд.
САРСУХАН Ё НАЗАРЕ БА ЗАРУРАТИ ДОШТАНИ СОМОНАҲОИ РАСМӢ
Имрӯз дар баробари васоити ахбори омма, инчунин шуъбаҳову бахшҳои иттилоотии мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо, бахшҳои иттилоотии сохторҳои давлатӣ барои нашри иттилоот ҳамчун манбаи асосӣ хизмат мекунанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет” масъулони ҳар як ташкилоту идора ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ вазифадоранд, ки сомонаҳои расмии худро ташкил намуда, оид ба таърихи таъсиси корхона, фаъолият, роҳбарият, ҳайати кормандони калидӣ ва рӯйдодҳои рӯзмарраи вобастаи худ маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд. Татбиқи амалии консепсияи “ҳукумати электронӣ” имконият фароҳам меорад, ки шаффофияти фаъолияти мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ боло равад. Аммо, вале, лекин...
ЭРОД “ФОИДА” КАРД...
Чанде қабл (6 июни соли 2023, №43) дар рӯзномаи “Хатлон” маводи танқидие зери унвони “Хоҷам, боғ дорӣ? – Дорам! Оё сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд?” рӯйи чоп омада буд, ки дар он дар баробари сомонаҳои дигар шаҳру навоҳӣ, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон низ мавриди танқид қарор гирифта буд: “...сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (www.yovon.tj) моро тамоман ба дигар ҷой бурд. Доштани сомона фиреби назар аст ё ба истилоҳ, танҳо ба хотири “галочка”?” Баъди панҷ моҳи нашри маводи мазкур аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сомонаи расмии мазкур навсозӣ карда шудааст, ки аввалин маводи он 1 ноябр ва охиронаш 7 ноябри соли 2023 нашр гардидааст. Ба ҳолати 30 ноябри соли 2023 дар сомонаи мазкур ҳамагӣ 8 мавод ҷой дода шудааст, ки ҳамааш аз Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” бознашр шудаанд ва рабте ба фаъолияти ноҳия надоранд. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти сомона танҳо ба хотири “доштани боғи хоҷа” роҳандозӣ шудаасту халос.
ЁВОН АЗ КАЙ БОЗ “ҲУКУМАТ” ШУДААСТ?
Тибқи моддаи 3 (Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагони маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошад.
Аммо вақте вориди сомонаи ноҳияи Ёвон мешавем, дар қисмати асосӣ номи он “МАҚОМИ ИҶРОИЯИ ҲУКУМАТИ НОҲИЯИ ЯВАН” дарҷ гардидааст, ки ҳам аз рӯйи мантиқ ва ҳам аз ҷиҳати имлои забони тоҷикӣ дуруст нест. Пеш аз ҳама, истифодаи вожаи “ҳукумат” дар номи расмии ноҳия, нарм карда гӯем, хато маҳсуб меёбад. Зеро Ҳукумат мақоми олии иҷроия ва фармонбарорандаи ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат мебошад. Ноҳияи Ёвон аз кай боз мақоми “ҳукумат”-ро ба худ касб кардааст?
Мафҳуми “ҳукумат” дар моддаи 1 (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин ифода ёфтааст: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ намуда, системаи мақомоти идоракунии давлатиро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд”.
Ҳамчунин, дар номи расмии ноҳия як калима (...давлатии...) “ихтисор” шудааст, ки аз рӯйи меъёр нодуруст аст. Калимаи “мақомоти...” (мақоми...) ва номи ноҳия – “Ёвон” (Яван) дар шакли нодуруст навишта шудаанд, ки дар якҷоягӣ ҳеҷ мафҳумро ифода карда наметавонанд. Шакли дурусти он бояд “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон” бошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар сомонаи мазкур саҳифаҳо бо забонҳои русию англисӣ вуҷуд надорад. 8 хабари интишоргашта, ки бознашри дигар расона ҳастанд, дар шакли омехта бо забонҳои русиву тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Дар қисмати охири ҳар як мавод бо забони англисӣ ибораи “Read More” (Бештар бихонед) навишта шудааст ва дар қисмати поёнии сомона тақвими рӯз ҷойгир кардаанд, ки номи моҳ дар шакли русӣ (ноябрь) намудор мешавад.
НОҲИЯИ ЁВОН МАСЪУЛ НАДОРАД?
Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 5 рубрика – “Саҳифаи асосӣ”, “Мақомоти иҷроия”, “Сохторҳо”, “Иқтисод” ва “Ба аҳолӣ” намоиш дода мешавад. Дар ҳар як рубрика як ё ду маводи хабарие, ки ҳеҷ ба таъйиноти он рост намеоянд, ҷойгир карда шудааст.
Дар қисмати “Мақомоти иҷроия”, ки бояд муаррифии раиси ноҳия, муовинон ва кормандони дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, маълумотеро дарёфт кардан имконпазир нест. Ҳамчунин, оид ба таърихи таъсиси ноҳия, ҳудуди географӣ, омори демографӣ низ иттилои мушаххас пайдо намудан ғайриимкон аст. Пас, сокинон дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарон, таҷлили ҷашну маросим ва дигар маълумоти лозима аз кадом манбаи электронӣ иттилоъ ба даст оранд?
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Ҳадаф аз ташкил намудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ огоҳ кардани мардум аз фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳия, тарғиби арзишҳои миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва зич намудани ҳамкории мардум ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аммо имрӯз риояи ин талабот дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба назар намерасад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...