Бемори ВНМО ва СПИД чист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 462
ВНМО номи ихтисоршудаи вируси норасоии масунияти одам аст. Яъне вирусе, ки ба системаи масуният ҳамла мекунад. ВНМО танҳо дар бадани инсон афзоиш меёбад.
Ҳангоми мубтало шудан ба ВНМО, аксарияти одамон ҳеҷ гуна эҳсосотро ҳис намекунанд. Баъзан, пас аз чанд ҳафтаи сироят, ҳолати бемории монанд ба зуком пайдо мешавад.(табларза, доғи пӯст, варами гиреҳҳои лимфа, дарунравӣ ва ғ.).
Дар тӯли солҳои зиёди сироят шудан ба ин беморӣ, шахс худро солим ҳис мекунад. Ин давраро марҳилаи ниҳонии беморӣ меноманд.
Мубталои ВНМО шудан маънои гирифтори СПИД шуданро надорад. Одатан, то пайдо шудани СПИД ба ҳисоби миёна 10-12 сол мегузарад.
СПИД
Вирус системаи масуниятро тадриҷан хароб карда, муқовимати баданро ба сироятҳо коҳиш медиҳад. СПИД марҳилаи охирини инкишофи сирояти ВНМО ва синдроми пайдошудаи норасоии масуният мебошад.
Норасоии масуният ҳолатест, ки дар он организм ба сироятҳои гуногун муқовимат карда наметавонад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...