Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР ХАТЛОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД


РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР ХАТЛОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД




Имӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳрии Бохтар Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, собиқадорон ва афсарону кормандони ин ниҳод таҷлил шуд. 

Маросим бо ворид намудани Парчами давлатӣ оғоз гардид. Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон ба сухан баромада, ҳозиринро бо Рӯзи касбияшон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон табрик намуда, дар иҷрои вазифаи хизматиашон барору комёбиҳои беназирро таманно намуд.
 


Гуфта шуд, ки милитсия дар таъмини тартитиботу низом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ниҳоят бориз дошта, пайваста баҳри таъмини амнияти мардум хидмат мекунанд. Ҳанӯз дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кормандони ин сохтор баҳри ором кардани хунрезӣ қаҳрамониҳо нишон додаанд. Ҳомиёни кишвар ҳамеша талош бар он мекарданд, ки ба Ватан ва Сарвари кишвар содиқонаву софдилона хизмат намоянд. 

Дар идомаи чорабини сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор собиқадорон, кормандон ва афсарони ВКД, РВКД, медалҳо ва рутбаҳои навбатӣ супорида шуд. 


Қисмати ҷамбастии чорабинии идонаро аҳли фарҳанги вилоят бо суруду таронаҳои дилошӯб дар васфи Ватану Тоҷикистон ҳусни дигар бахшида, ҳозирин то дер аз барномаи фарҳангӣ фароғатӣ фароғат намуданд.

Тобибҷон Толибзода, 
Набиҷони Саидаброр, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода