Қасди ҷони волидон карда, 16 сол зиндонӣ шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 369
Фарзанд меваи умри инсон аст. Инсон ба ҳазор орзую ормон фарзандро ба воя мерасонад, то дар дами пирӣ дастгираш бошад. Мутаассифона, ҳастанд фарзандоне, ки ба ҷойи дастгирии падару модар “балои ҷон”-и онҳо мешаванд.
Шоев Сафаралӣ Ҷомаҳмадович, соли таваллудаш 25.12.1980, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти «Дуконӣ», деҳаи Сари Гузар, муҷаррад, қаблан бо моддаи 228 КҶ Федератсияи Россия барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар суд шудааст, ба ҷинояти сӯиқасди одамкушӣ ва несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан даст задааст. Чунончӣ, ӯ аз соли 2010 то инҷониб ба истеъмоли нӯшокии спиртӣ ва маводҳои нашъаовар даст зада, пайваста дар ҳолати ногувори руҳӣ ва равонӣ қарор дошт. Аз соли 2022 бо аҳли оила, махсусан волидонаш муносибати дағалона намуда, нисбати онҳо ҳисси бадбинӣ пайдо кард.
Рӯзи 23 апрели соли 2023, тахминан соати 16:30 С. Шоев дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматӣ бо волидон ҷанҷол бардошта, нисбати модараш С. Шоева дашномҳои қабеҳи ғайриинсониро раво дидааст. Модараш баъди чунин таҳқиру озори зиёди ин амалҳои фарзандаш ба ШВКД дар шаҳри Норак муроҷиат намудааст. Дар асоси маводи тартибдодаи кормандони ШВКД дар шаҳри Норак, 22- юми майи соли 2023 аз тарафи Суди шаҳри Норак С. Шоев бо моддаи 93 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷарима таъин карда шудааст. Худи ҳамон рӯз, Суди шаҳри Норак ба С. Шоев барои супоридани ҷарима қарори маъмуриро супоридааст, ки ин аснод ӯро ба хашму ғазаб оварда, нафраташро нисбати волидонаш боз бештар намудааст.
С. Шоев санаи 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 17:30, дар ҳолати сархушӣ, дар замираш қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани падараш Ҷомаҳмад Шоев ва модараш Сафаргулро Шоева намуд. Бо мақсади бо роҳи оташ зада сӯзонидан ва аз ҳаёт маҳрум кардани онҳо аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар зарфи пластикии андозааш 1,75 литра сӯзишвории бензин харидорӣ намуда, ба самти ҳавлии истиқоматӣ раҳсипор гардидааст.
Тахминан соати 19:00 ӯ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи ҷинояткоронаи худ ба ҳавлии истиқоматиашон ворид шуда, ба ҳуҷраи хоби падару модар даромад ва амали нопоки худро нисбати падару модар анҷом доданӣ шуд. Хушбахтона, ӯ бо муқовимати падар ва кумаки аъзои оила ба ҳадафи худ расида натавонист.
Ҳамон шаб оид ба ин ҳолат кормандони ШВКД дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, Шоев С.Ҷ.-ро ба беморхонаи марказии шаҳри Норак барои гузаронидан аз муоинаи тиббии ҳолати мастӣ бурданд. Баъди гузаштан аз муоинаи тиббии ҳолати мастӣ Шоев С.Ҷ. бо мақсади амалӣ кардани ҳадафи худ аз фурсати муносиб ва қулай истифода бурда, аз беморхона фирор мекунад ва ба манзили истиқоматиаш омад.
Ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо болғаи оҳанин ба ҳуҷраи хоби падару модар даромад. Дарро аз пасаш пӯшида, ба модараш ҳамла кард. Падараш ин ҳолатро мушоҳида карда, пеши роҳи писарашро гирифтанӣ шуд. Вале Сафаралии аз ақл бегонашуда бо падар даст ба гиребон шуд. Баъди кашмакашии зиёд падарро ба замин афтонида, бо дастонаш буғӣ карданӣ шуд. Ин лаҳза аз доду фиғони модараш С. Шоева ҳамсояашон М.А. Аҳмадов огоҳ шуда, ба кумак омад ва пеши роҳи содиршавии ҷиноятро гирифт.
С. Шоев ба ҳадафи нопоки худ расида натавониста, аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Норак дастгир карда шуд.
Нисбати мавсуф аз тарафи прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 18 сентябри соли 2023, Шоев Сафаралӣ Ҷомаҳмадович дар содир кардани ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,е,ж,к” ва 32 қисми 3-255 қисми 2, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин моддаҳо бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ба муҳлати 16 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъин карда шуд.
Баъди шиносоӣ бо маводҳои паҳлуҳои қазияи ҷиноятӣ кас ба андеша меравад, ки чӣ тавр фар-занд, яъне писар нисбати падару модар то ин андоза бераҳм шуда метавонаду ба худ чунин амалҳои нангин ҳатто нақшаи куштани волидайнро дар қалби нопокаш тарҳрезӣ менамояд. Чунин ашхос ва чунин фарзандро дар урфият “фарзанди нохалаф” мегӯянд.
Акнун ин фарзанди нохалаф 16 соли умри ху-дро паси панҷара гузаронида, аз дуои неки падару модар низ як умр маҳрум хоҳад монд.
Варқаи Зайниддин
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...