Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наваскарон савганд ёд карданд


Наваскарон савганд ёд карданд



Дар арафаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони даъвати тирамоҳии қисмҳои ҳарбӣ савганди садоқат ёд намуданд. 

Дар қисми ҳарбии 07017-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ соли таваллудашон 1996-2005 доир шуд.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, командири дивизияи 17 тирандози савора полковник Абдулҳамид Сафарзода, падарону модарони сарбозон, ҳайати ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ иштирок доштанд. Нахуст, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баромад намуда, ҳозиринро ба рӯзи қабули бахтномаи миллат шодбош гуфт. Қайд карда шуд, ки сарбозон сипарони боэътимоди миллату давлат ва посдори хатти марзу муқаддасоти кишвари озоду обод мебошанд.

– Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон давомдиҳандаи мероси ниёгони мо мебошанд. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат ба шумо - ҷавонони қавииродаи миллат такя карда, пайваста шароити мусоидро барои хизмату кори ҷавонон фароҳам меоваранд,-афзуд дар идома Насриддинзода Р. Ҳамзамон командири дивизияи 17 тирандози савора полковник Абдулҳамид Сафарзода ба сухан баромада, иштирокдоронро ба Рӯзи Конститутсия ва қабули савганди ҳарбӣ табрик намуд ва дар пешбурди хизмати сарбозон далериву шуҷоат таманно кард.

Номбурда қайд намуд, ки 30 сол пеш Артиши Тоҷикистон дар шароити хеле душвор ташкил гардида, имрӯз ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфтааст. Таҳти ғамхориҳои Президенти мамлакат сол то сол шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ хубтару беҳтар гашта истодааст. Ҷойи хоби замонавӣ, либосҳои гарму хӯрокҳои босифат ва таваҷҷуҳ ба омодабошии ҷангии сарбозон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хизмати софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз волидони сарбозон аз тамоми манотиқи кишвар ба табрики писарони сарбози худ омада, дар ҳифзи Ватан ва иҷрои рисолати мардонагӣ ба онҳо дуои хайр доданд. Дар идома як гуруҳ ҷавонон, ки барои табрики сарбозон омада буданд, бо шарту шароити хизматии сарбозони қисми низомии 07017 ошноӣ пайдо намуданд.

Дар ин рӯзи таърихӣ, ки дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дастархони идона ороста шуда, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баҳри хушҳолии сарбозон барномаи фарҳангию фароғатиро ташкил намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар вилоят шумораи ихтиёриён ба сафи артиш кишвар зиёд гардида, то ба имрӯз нақшаи даъвати тиромоҳӣ дар вилоят зиёда аз 80% иҷро гардидааст.

Набиҷони Саидаброр,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода