Озмунҳои рӯзномаи «Хатлон»: аз кашфи истеъдодҳо то тарғиби ватандӯстӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 325
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби идораву муассисаҳои мухталиф ба муносибати иду ҷашнҳои таърихӣ дар мавзӯҳои гуногун озмунҳои эҷодии зиёде роҳандозӣ шуда истодаанд.
Албатта, эълон гардидани озмунҳо, бешак, рӯзноманигорон ва умуман аҳли эҷодро руҳбаланду ҳавасманд намуда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёд ва бомаърифат гардонидани мардум нақши муҳим мебозанд. Шоири халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ оид ба баргузории озмунҳои эҷодӣ навишта буд: “Озмунҳо аз як тараф барои кашфи истеъдодҳо мусоидат намоянд, аз тарафи дигар чанд ҷиҳати мусбату сутуданӣ доранд”.
Воқеан ҳам баргузории озмунҳо аз ҷониби нашрия ҳар хонандаро ба рӯзномаю маҷаллаҳо наздиктар менамояд.
Дар ин росто соли 2023 рӯзномаи дӯстдоштаи мо-“Хатлон” якчанд озмуни эҷодиро миёни зиёиён эълон намуда буд. Аз ҷумла “Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин” (бахшида ба 1050-солагии мутафаккир), “Тахти Сангин-рамзи таърихи пурғановати тоҷик” ва “Ифтихори ватандорӣ” (ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”).
Дар шумораҳои рӯзнома беҳтарин мақолаҳои ба озмунҳо пешниҳодшудаи муаллифони гуногун рӯйи чоп меомаданд. Ман, ки дар ду озмуни рӯзномаи “Хатлон” иштирок кардам, ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешудам.
Аз мақолаҳои чопшуда дар доираи озмуни “Абурайҳони Берунӣ-алломаи Машриқзамин” хонандагони рӯзнома бо ҳаёту фаъолияти яке аз ситораҳои дурахшони илми тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва дар доираи озмуни “Тахти Сангин-рамзи таърихи пурғановати миллати тоҷик” ёдгории Тахти сангин ҳамчун намунаи таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик пурраю муфассал шинос мекарданд. Чи тавре ки дар боло зикр гардид, баргузории ин озмунҳо чеҳраҳои навро ба хонандагон муаррифӣ мекунад.
Дигар озмуни баргузорнамудаи нашрияи “Хатлон” “Ифтихори ватандорӣ” дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, садоқату вафодорӣ ба Ватан, нақши мондагори Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои пурғановати фарҳанги ниёгон ва бомаърифат гардонидани мардум нақши босазо мегузорад.
Маводи беҳтарин ғолиб дониста шуда, бо диплому мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Мусаллам аст, ки ин қадрдониҳо рӯзноманигорон ва аҳли эҷодро барои иштирок дар озмунҳои оянда боз ҳам рӯҳбаланд месозад.
Падидаи нек ва ташаббуси наҷиб аст, ки бо ибтикори сармуҳаррири рӯзнома, рӯзноманигори варзида, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода силсилаи мақолаҳои беҳтарини иштирокчиёни озмунҳои болозикр дар шакли китоб нашр гардид.
Бешубҳа, ин тадбири наҷиб рӯзноманигорон ва умуман аҳли эҷодро барои фаъолияти ояндаи эҷодӣ боз ҳам дилгарм месозад. Аз китобҳои пурмазмуну пурмуҳтавои “Берунӣ ва Тахти Сангин-мояи ифтихори тоҷикон” ва “Ифтихори ватандорӣ” метавонанд омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои олии кишвар дар раванди таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ба таври фаровон истифода намоянд.
Итминони комил дорам, ки дар оянда рӯзномаи мардумии “Хатлон” озмунҳои эҷодиро баргузор намуда, онҳоро ба ҳукми анъана дароварда, шумораи ҳаводорону хонандагони худро зиёд менамояд. Дар ин ҷода ба аҳли эҷоди рӯзнома барору пирӯзиҳо таманно мекунем.
Аъзам БОБОЕВ,
иштирокчии озмунҳои эҷодии “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00