Давлаталӣ САИД: «Мақомоти корҳои дохилӣ ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфтааст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 376
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия
Муҳтарам собиқадорон, кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Солгарди навбатии таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯйи рушду шукуфоӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва бо кӯшишҳои пайвастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми мамлакатамон дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.
Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳомиёни ватанро ба ифтихори ҷашни касбиатон - Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар кишвар миннатдорӣ баён менамоям.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштанд. Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.
Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ баръало эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамуданд.
Давлат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар даврони истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.
Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Сарвари мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Боиси ифтихор аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ кафили пойдории давлат буда, яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. Ба зиммаи ин мақомот доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Давлат маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бар зидди чунин зуҳуроти нангин мубориза бурда, барои тамоми мардум ҳаёти осоишта, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва тартиботи комили қонуниро кафолат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони милитсия, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба онҳо, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохторҳои он, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизотҳои техникӣ, дастгирии кормандони милитсия, собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтидаи кормандони милитсия мунтазам тадбирандешӣ менамоянд.
Итминон дорам, ки кормандони мақомоти милитсия дар вилоят минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун неруи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар тамоми кормандони милитсияи вилояти Хатлонро бо иди касбиашон шодбош гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулият ба нафъи давлат ва халқи кишвари азиз муваффақият орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, ҳомиёни Ватан!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00