КОНСТИТУТСИЯИ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 433
1 ноябри соли равон дар толори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори конфронс намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, идораи рӯзномаи “Хатлон”, суд ва прокуратураи вилоят, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои махсусагардонидашуда ва омӯзгории шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Баромадкунандагон доир ба таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши Пешвои миллат дар таҳия ва қабули он, риояи қонуният ва меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ андешаронӣ намуда, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлоли кишвар ва кафили озодии инсон ва шаҳрванд унвон намуданд.
-Қобили зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори аслии қабули ин санади олии давлатӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Баъди эълони Истиқлолии давлатӣ қабули Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ дониста мешуд, зеро он роҳи давлат ва ҷомеаро ба сӯйи рушду такомули минбаъда манънидод муайян кард, - таъкид гардид дар ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки Конститутсия дастоварди бузурги давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буда, заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ҳимоя намуд.
Даъват карда шуд, ки ҳар як шахс ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва фарзанди –ин марзу бум дар ҳимоя ва роияи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набуда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон муттаҳид бошад ва барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоянд.
Дар интиҳои конференсия аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Т. ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...