Ба ҳолати 31 октябр аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ 187 731,7 тонна пахта қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 65,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Сардори Сарраёсати омори вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди пахта, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, инчунин сардорони Раёсатҳои андоз ва андозсупорандагони азими вилоят С. Раҷабзода ва З. Каримзода оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта ва прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода оид ба роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, ахбори муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода вобаста ба ҳолати воқеии ҷамъоварӣ ва қабули пахта аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакор ва қабули он ба корхонаҳои коркард шунида шуд.
Сарраёсати омори вилоят, раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста ба он ки мавсими ҷамъоварии пахта айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 8 корхона бо гузаронидани корҳои таъмирӣ ва имкониятҳои молиявӣ қабули пахтаро дар сатҳи зиёда аз 5000 тонна ба роҳ монда, 17 корхона ҳаҷми қабули пахтаро то 1000 тонна нишон додаанд, ки фоидапазирии чунин корхонаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ҷавобгӯ намебошад.