Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон 79% иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 377
Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён дорад. Новобаста аз он, ки шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин вилоят бештар даъват карда мешаванд, масъулини вобаста тайи чанд соли охир аст, ки пеш аз муҳлат аз иҷрои пурраи нақша гузориш медиҳанд.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар нахустин рӯзи даъват навоҳии Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Бо ҳамин тартиб, дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябри соли равон бошад, шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара ва Дӯстӣ низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар айни замон иҷрои талаботи уҳдадории масъулин дар самти даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама минтақаҳои вилояти Хатлон ба 79 фоиз баробар мебошад.
Агарчӣ чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ давоми моҳҳои октябр ва ноябр идома ёбад ҳам, лек боиси хушнудист, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҷараёни як моҳи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақшаро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 75 фоиз фоиз баробар намудаанд.
Дар давоми як моҳи ҷараёни даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад.
khatlon-ruznoma.t
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00