Таъсиси қариб 44 ҳазор ҷойи кор дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 392
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давоми 9 моҳи соли равон 43 ҳазору 883 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят иттилоъ доданд, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи ҷойҳои кории ташкилшуда 1,8 ҳазор зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки 5380 адади ҷойҳои корӣ аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 38504 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ташкил ёфтааст.
Манбаъ афзуд, ки дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарздорӣ аз музди меҳнат нисбат ба аввали соли 2023-юм 564,5 ҳазор сомонӣ кам гардида, ба ҳолати 1 сентябри соли равон 68 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Қарзи музди меҳнат ба муассисаҳои филиали “Телеком” ва Корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии “Таъмиру истифодабарии манзилгоҳҳои шаҳри Бохтар” мансуб аст”, - зикр кард сарчашмаи хабар.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...