Дар вилояти Хатлон нақшаи даъват 71% иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 362
Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон 71 фоиз иҷро шуд.
Ахиран шаҳрҳои Нораку Левакант ва ноҳияи Носири Хусрав низ аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муждагонӣ доданд.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Вахш ва Фархори вилояти Хатлон дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дода буданд.
Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар давоми ду даҳрӯза ба муваффақиятҳои басо ҳам хубу назаррас ноил гардиданд.
Зимнан, аз 1-ум то 20-уми октябри соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъвату гусели ҷавонписарони Ватанро ба сафи Артиши миллӣ 66 фоиз иҷро шудааст.
Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1 октябри соли равон дар шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, он то охири моҳи ноябр идома меёбад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00