Таҷлили Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 321
Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва бартарафсозии он ҳамоиш доир гардид.
Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Ҷамшед Маҳмадзода, намояндаи барномаи озуқаи умумиҷаҳонии СММ дар вилояти Хатлон Зебонисо Саидова, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Сараввал, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода суханронӣ намуда, қайд дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ то ин замон мутахассисони раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон корҳои назаррасро анҷом доданд. Ҳадаф аз чунин чорабиниҳои мақсаднок баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ аз хавфи офатҳои табиӣ ва роҳҳои пешгирии он арзёбӣ мегардад.
Дар рафти ин чорабинӣ доир ба фанни мудофиаи гражданӣ миёни хонандагон ва донишҷӯёни донишгоҳ саволу ҷавоб доир намуданд. Иштирокчиёни фаъол ба саволҳои пешниҳоднамуда, посухи саҳеҳ дода, соҳиби туҳфаҳои хотирмон шуданд.
Ҳамчунин, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни расмкаши беҳтарин баргузор гардид, ки тасвирҳо аз ҳолатҳои ба вуқуъомадаи офатҳои табиӣ ва рафти бартарафсозии он тасвир шуда буданд.
Ҳамзамон, мутахассисони ин ниҳод ба донишҷӯён ва хонандагон техника ва технологияи муосирро, ки дар корҳои амалӣ, бартарафсозии офатҳои табиӣ ва наҷотдиҳии аҳолӣ истифода мешаванд, аз наздик шинос намуданд.
Дар охир, аз ҷониби сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба рассомони беҳтарин туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.
Абдулло РИЁЕВ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00