УФТИ ТАЪРИХӢ. Коршиносон ва мухлисон бори аввал дар таърих аз лигаи олӣ афтодани дастаи замоне овозадори «Хатлон»-ро “фоҷиа” ва “дардовар” арзёбӣ карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 317
Тайи ду-се рӯзи охир дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи тарки Лигаи олӣ намудани дастаи овозадори «Хатлон» сархати расонаҳо шудааст. Ин мавзуъ ҳатто таваҷҷуҳи расонаҳои Аврупою Амрикоро низ ба худ ҷалб намуд. Дар бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар гурӯҳи “Б” рӯзи якшанбе, 15 октябр, дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дидор анҷом дод. Дар ин бозии тақдирсоз дастаи «Хатлон» бо ҳисоби минималии 0:1 ноком шуд ва шонси боқӣ мондан дар Лигаи олиро комилан аз даст дод.
Сарсухан ё ёдоварие аз таърихи даста
Клуби футболи овозадори «Хатлон» (собиқ “Вахш”) ҳанӯз дар соли 1960 таъсис ёфта, қадимитарин дастаи ҳирфаии футбол дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ин даста дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба – солҳои 1997, 2005 ва 2009 – чемпиони Лигаи олии мамлакат шудааст. Ба ҷуз ин, «Хатлон» ду карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1997 ва 2003) ва финалисти Ҷоми Президенти Федератсияи футболи Осиё (соли 2006 дар Малайзия) мебошад.
Мояи афсӯс ва нигаронист, ки ин дастаи сермухлис, соҳибном ва «бренд»-и ҳақиқии футболи Вахшонзамину Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи солҳои охир бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуда, маъмурияти даста ҳеҷ наметавонад онро аз ин варта вораҳонад. Мухлисон, инак, дар мавсими оянда дастаи «Хатлон»-ро дар Лигаи якум мунтазиранд.
Охирин дастоварде, ки ин дастаи замоне пурқудрат ноил шудааст, медалҳои биринҷии мусобиқоти футбол барои Ҷоми ФФТ-2016 аст.
- Дастаи «Хатлон» (“Вахш”) аз замони таъсис то ба ҳол дастаи мунтахаби футболи кишвар чӣ, ки футболи тоҷикро бо бозикунони ҳирфаӣ таъмин мекунад. Ҳатто замони шӯравӣ низ «Хатлон» беҳтарин дастпарварони худро ба дастаи «Помир»-и Душанбе равон мекард, ки онҳо аз муҳраҳои асосии ин дастаи
овозадори Тоҷикистони шуравӣ буданд.
Муҳсин Муҳаммадиев, Ҳаким Фузайлов, Рустам Забиров, Сергей Мандреко, Олимҷон Рафиқов, Александр Азимов, Владимир Долганов, Ӯроз Турақулов аз шинохтатарин дастпарварони мактаби футболи “Вахш”-анд, ки дар ҳайати «Помир» замони шӯравӣ футболи тоҷикро муваффақона, муаррифӣ мекарданд, - гуфт зимни суҳбат Баҳром Хоҷаев, коршиноси футбол.
Ҳатто дар замони соҳибистиқлолӣ низ «Хатлон» аҳамияти худро дар пешбурди футболи тоҷик гум накард. Раҳматуллоҳ Фузайлов, Рустам Усмонов, Алексей Неъматов, Аслиддин Ҳабибуллоев, Далер Тухтасунов, Нуъмон Ҳакимов, Аҳтам Ҳамроқулов, Соҳиб Сувонқулов ва дигарон, ки ин рӯйхати дастпарварони соҳибноми даста метавонад бепоён бошад.
Тими «Хатлон» дар солҳои пеш яке аз дастаҳои пурқуввати Лигаи олии Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва ҳама ҳарифон бо ҷиддияти том ба бозӣ бо бохтариҳо омодагӣ мегирифтанд. «Хатлон» як мактаби хуби тарбияи футбол-бозони моҳир буд, ки даҳҳо парвардаи ин мактаб дар тимҳои қавии дигари дохилу хориҷи мамлакат карйераашонро идома дода, то ба сатҳи бозигари тими мунтахаби Тоҷикистон расидаанд.
Сабаби нокомии даста танҳо норасоии маблағ аст?
Яке аз сабабҳои ба чунин вазъ расидани дастаи «Хатлон» ин буҳрони иқтисодӣ унвон мешавад. Мушкиле, ки менеҷерони даста чанд сол боз роҳи ҳаллашро меҷӯянду намеёбанд. Шояд масъала танҳо марбут ба спонсорҳо нест? Шояд мушкилро дар муносибати роҳбарони тим ва усулҳои номуассири кори идории онҳо низ бояд ҷуст? Суолест, ки посух мехоҳад, аммо масъулони тим ҳозир нестанд, ки ба ин иқрор кунанд.
Тайи чанд соли охир «Хатлон» пайваста зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии кишварро касб мекунанд, ҳатто соҳиби зинаи ифтихорӣ намегардад, ки боиси нороҳатии ҳаводорони бешумори ин даста мегардад. Мутаассифона, имсол дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар аввалин маротиба дастаи “Хатлон” Лигаи олиро тарк кард. Қабули ин воқеият барои мухлисон дарднок аст.
Роҳбарияти даста чӣ назар доранд?
Вобаста ба ин масъала ба роҳбари Клуби футболи «Хатлон» Исроил Шарипов муроҷиат кардем. “Дар замони соҳибистиқлолӣ бори аввал аст, ки даста чунин натиҷаи ғайриқаноатбахшро нишон дод. Ин барои ман, ҳамчун дастпарвари даста, ки солиёни дароз ҳам ба ҳайси футболбоз ва ҳам ба ҳайси роҳбар кору фаъолият кардам, аламовар ва дарднок аст”, - гуфт ӯ дар посух.
Ҳоло мебояд, сари он андеша кард, ки чаро «Хатлон» ба ин ҳол афтод ва акнун бори нахуст аз замони созмон ёфтани лигаи бартари кишвар (1992) онро тарк мекунад. «Ба андешаи банда, проблемаи мо чун мушкилии дигар дастаҳои футболи меҳан як аст - пул.
Дастгирӣ наёфтани даста аз ҷиҳати молӣ ва набудани сарпараст метавонад ҳар дастаеро дар футбол ба ин ҳол расонад. Дар ҳоле ки як нафар дар даста якчанд вазифаро иҷро мекунад, мушкил аст, ки бидуни саҳву ғалат ин корҳо ба анҷом расанд. Проблемҳо низ худ аз худ ҳал намешаванд ва пайи ислоҳи онҳо мутахассиси соҳа бояд кор барад», - зикр дошт Б. Хоҷаев, коршиноси футбол.
Воқеан ҳам, дар мавсими имсолаи бозии дастаҳои кишвар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки яке аз дастаҳои номдори кишвар маҳсуб меёбад, натиҷаи назаррас ба даст наовард. Дар оғози мавсим ба таври ногаҳонӣ бисёре аз бозигарони хуби даста ҷавоб дода шуданд ва ба ҷойи онҳо футболбозони камшинохт ба клуб даъват шуданд. Оё “гусел”-и бозигарони қавӣ ва даъвати футболбозони нав бо сармураббӣ мувофиқа карда шуд? Шояд ҳамин ҳолат буд, ки зоҳиран, мухлисон ҳис накарданд, ки “Хатлон” барои ба даст овардани медал ва ё боқӣ мондан дар Лигаи олӣ сахт талош дорад.
Роҳбарони даста иқрор мекунанд, ки сабаби асосии нокомиҳо дар тарк кардани бозингарони боистеъдоди даста мебошад.
«Бозингарони боистеъдод дастаро тарк карданд, бо сабаби он ки маоши кам доштанд. Ба ҷои онҳо бозингарони ҷавон, ки дастпарварони Клуби футболи “Хатлон” мебошанд ва легионерҳои маҳорати бозиашон на он қадар баланд ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, бояд қайд дошт, ки дар ҷараёни Чемпионат ҳарчанд даста дар панҷ бозӣ ғалаба карда бошад ҳам, аммо баҳри рӯҳбаландии футболбозон ягон мукофотпулӣ дода нашудааст”, - изҳор дошт И. Шарипов.
Ғайр аз дастгирии молиявии муассис, даста як сарпарасти молиявӣ дорад, ки ин ширкати “Париматч Тоҷикистон” мебошад.
Маблағи он, ба гуфтаи И. Шарипов, барои хароҷоти иловагии даста сарф мешавад. “Мо миннатдор ҳастем, ки маоши кормандон ва футболбозон кам ҳам бошад, аз ҷониби муассис - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар саривақт пардохт карда мешавад. То имрӯз қарздорӣ аз музди маош вуҷуд надорад”, - афзуд ӯ.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Барои ба муваффақият расидан дар футбол, бояд дурандешона барномарезӣ кард, на аз ин мавсим то мавсими оянда. Танҳо бо пули ҷудошудаи шаҳрдорӣ мушкил аст, ки як дастаи Лигаи олӣ рӯзашро пеш барад ва ҳатман ҷое чунин костагие рӯ мезанад.
- Бадбахтона, тайи чанд соли охир ба бозиҳои хонагии даста низ шумораи ками тамошобинон ба варзишгоҳ ташриф меоваранд, чун ҳар мавсим тавони даста баҳри боқӣ мондан дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар барои мавсими оянда мерасиду халос ва чунон менамуд, ки даста барои расидан ба ҳадафҳои бузург дигар қудрат надорад. Мутаассифона, он ҳама мушкилоти солҳои охир имсол дастаро, билохира, ба вартаи нокомӣ оварданд.
Суқути «Хатлон» ба лигаи якум агар фоҷиа нест, бонги изтироб аст, ки масъулин сари он бояд нағз биандешанд, - таъкид дошт коршиноси футбол Баҳром Хоҷаев.
Коршиносони дигари соҳаи футбол низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шарҳҳои зиёд нокомии дастаи “Хатлон”-ро фоҷиа хонданд.
Бобо Холмуродзода, шореҳи футбол аз телевизиони «Варзиш», ба ин назар аст, ки ба умеди маблағҳои буҷет шудану маблағро барои пешрафти футбол аз мақомотҳои давлатӣ интизор шудан, ба чунин натиҷаҳо оварда мерасонад. «Сабаби дигар ташвиқот мебошад. Барои мисол, дар арафаи бозии тақдирсоз бо “Регар-ТадАЗ” оё дар ягон минтақаи шаҳри Бохтар таблиғот барои бозӣ вуҷуд дошт? Албатта, ки не! Дар як мавсим мешавад, барои вуруди тамошобинон як маблағи муайян ба даст овард. Намедонам, шояд айб дар роҳбарияти дастаҳо аст, ки клубҳои мо пешрафт надоранд.
Ин таъсирашро натанҳо барои як Клуб, ҳатто барои футболи вилоят, мамлакат мерасонад. Вақте як дастаи таърихии кишварамон тарки Лигаи олӣ мекунад, бисёр ҷойи афсӯс аст, аммо барои як сол бояд бисёр чизҳо нав карда шаванд, аз ҷумла дар сатҳи мудирият, ки ба назари ман кори он бо ду по мелангад», - илова намуд Б. Холмуродзода.
Иваз намудани сармураббӣ натиҷа дод?
26 сентябр Аслиддин Ҳабибуллоев, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар аз вазифааш истеъфо дод. Гуфта шуда буд, ки А. Ҳабибуллоев бо хоҳиши худ истеъфо додааст.
Исроил Шарипов, роҳбари Клуби футболи «Хатлон», мегӯяд, ки сармураббӣ иваз нашудааст, балки пас аз нокомиҳои пай дар пайи даста ва дар ҳолати душвортарин, ки ҳамагӣ се бозӣ то анҷоми мавсими имсолаи Чемпионат боқӣ монда буд, сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев аҳдшиканона дастаро тарк кард. «А. Ҳабибуллоев, новобаста аз натиҷаи бозиҳо, тибқи қарордод ва гуфтушуниди иловагӣ баъд аз марҳилаи дуюм бояд то анҷоми мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон фаъолият мекард. Дар ин ҳолат даъват намудани сармураббии бомаҳорат ғайриимкон аст, зеро касе дастаро дар ин варта қабул намекунад. Тасмим гирифтем, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Меҳроб Заҳурбеков ва ёвари ӯ Камолҷон Ортиқовро таъин намоем», - илова кард И. Шарипов.
Роҷеъ ба ин масъала хостем назари Аслиддин Ҳабибуллоев, ҳамакунун собиқ сармураббии дастаи “Хатлон”-ро бипурсем.
Аммо, дар як тамоси телефонӣ бо рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки айни ҳол омода нест, ба саволҳо посух бигӯяд ва дар ояндаи наздик ба рӯзномаи “Хатлон” дар ин бора мусоҳибаи ихтисосӣ хоҳад дод.
Мухлисон ба чӣ назаранд?
Бохти дастаи футболи “Хатлон” мухлисони ҳақиқии худро такон дод. Қисме аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои хешро ҷой доданд.
Нуралӣ Хоркашев менависад: «Аз лигаи олӣ афтодани дастаи “Хатлон” (“Вахш”-и собиқ) фоҷеа дар футболи вилоят аст».
Зоҳир Имомзода, истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ, чунин шарҳ навиштааст: «Номи дастаро иваз кардан лозим набуд, бигзор ягон тими нав таъсис дода, номашро “Хатлон” мегузоштанд, зеро дастаи футболи “Вахш” таърихи куҳан, пуршараф ва ҳаводорони зиёд дошт. “Вахш“ барои “Помир” ва дигар дастаҳои футболи Шӯравӣ бозингарони комёбро тарбия мекард ва ин анъанаро замони истиқлол идома медод. Дастгирии молии Вахш ногузир аст”.
Дигар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ Суҳроб Қаландаров чунин мегӯяд: «Сад афсӯс, дастпарварони дастае, ки мактаби футболаш рақами 1 буд ва қариб дар ҳама клубҳои Лигаи олӣ бозӣ мекунанд, дастае, ки 63 сол таърих дорад, дастае, ки соли гузашта то Ҷоми АФК як қадами дигар монда буд, мутаассифона, аз беаҳамиятии роҳбарияти даста имсол тарки Лигаи олӣ кард...»
Корбари дигари Фейсбук Баҳриддин Қурбонов изтиробомез менависад: «Куҷо шуд он шуҳрат бо номҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Хатлон”-и Бохтар, ки пешсафиро аз даврони шӯравӣ то ин дам аз даст намедод?»
Ҳамчунин, Анвар Мирзоев чунин назар дорад: “Дастае, ки аз ҳама зиёд ба тимҳои милливу олимпӣ, ҷавонону наврасон футболбозони боистеъдодро тарбия мекард ва роҳнамо буд. Ин мурури вақт аст, кӯшиши масъулон бе сарпарасти дилсӯз ҳеҷ аст. Афсӯс, ки «Хатлон» рафт поён”.
Меҳрварз Абдураҳимзода менависад: «Аввалан, бояд номи тимро иваз намекарданд. Шуҳрати “Вахш” нисбатан баландтар буд. “Вахш” замоне баробар ба “Истиқлол”-и имрӯз буд. Ҳар касе футболи истиқлолдории кишварро медонад, инро дарк менамояд. Ман мухлиси ин тим нестам, аммо ифтихор доштам, ки Лигаи бартари кишвар чунин бошгоҳе дошт. Онҳо бармегарданд. Ҳатман бармегарданд».
“Вахш ”-ро ҳам эҳё кунем
- Хуб мешуд, ки номи тими дуюми абарқудрати Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ баъди дастаи миллиамон - “Помир” дастаи “Вахш”, ки дар миқёси СССР ва хориҷ, чун Афғонистон ва кишварҳои сотсиалистии Аврупо онро мешинохтандЮ эҳё гардад, - зикр дошт мухлиси собиқадори футбол Варқаи Зайниддин. – Номи дастаи “Вахш”, бо номи дарёи Вахш, ки аз наздикии шаҳри Бохтар мегузарад, бояд барқарор карда шавад ва ё чунин тимеро аз нав созмон бояд дод. Айб аст, ки дар водии овозадортарини Тоҷикистон, ки аз он ҷо хушномтарин ва муфидтарин дарёи ба истилоҳ “саноатӣ”-и Осиёи Марказӣ (манзурам неругоҳҳои азими ин дарё аст) - Вахш равон аст, тиме бо номи “Вахш” набошад.
Ба қавли роҳбари дастаи “Хатлон” И. Шарипов, ҷиҳати дархости бешумори ҳаводорони футбол барои баргардонидани номи қаблии даста, ки бо номи “Вахш” машҳур аст, онҳо тасмим доранд, ки дар охири мавсим бо муассиси даста барои иваз кардани номи он мувофиқа намоянд.
Охирсухан
- Клуби футболи “Хатлон” аз ҳамаи мухлисони даста ҷиҳати натиҷаи мавсими имсола узрхоҳӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар муҳлати кутоҳтарин дастаро ба Лигаи олӣ баргардонем, - мегӯяд И. Шарипов.
Баъди оне, ки дастаи “Хатлон” тарки Лигаи олӣ мекунад, оё бозингарони касбӣ дар тим боқӣ мемонанд, суоли матраҳ аст. Суоли матраҳи дигар ин аст, ки роҳбарияти клуби «Вахш» барои ислоҳи ин вазъи мушкил чӣ иқдомҳо ё барномаҳое рӯйи даст доранд? Чаро проблемаҳои даста тӯли солҳои зиёд идома мекунанд? Магар танҳо бо иваз кардани сармураббиҳо ва бозигарон масъала роҳи ҳал меёбад? Вақти он нарасидааст, ки ба мудирияти клуб менеҷерҳои ҳирфаӣ, кордон ва креативӣ ҷалб шаванд?
Роҳбарияти клуби футболи «Хатлон» бояд донанд, ки ҳарчанд сарсупурдагии бозигарон кори хубу шоиста аст, аммо ҳар меҳнат бояд подош дошта бошад. Ҳамин тавр не?!
Абдулло РИЁЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00