Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Намоиши асарҳои рассомон дар Бохтар


Намоиши асарҳои рассомон дар Бохтар



Ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ- кишваршиносии «Авесто»-и шаҳри Бохтар таҳти унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш 19 асар аз офаридаҳои мусаввирони тоҷик, ба монанди Х. Хушвахтов «Манзара», М. Хошмуҳаммадов «Дарёи Сурхоб», Б. И. Серебрянский «Манзара. Такоб», З. Довутов «Сарҳади Ватан», И. Абдураҳмонов «Баҳор», С. Шарипов «Ҳушёрӣ», Қ. Шарипов «Оби мусаффо», К. Файзов «Пиряхи Федченко» ва «Пиряхи Бивачний» ба маъраз гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсорон ва зебоиҳои нотакрори мамлакатамон шинос менамоянд.

Намоиши «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» то 27 октябр идома меёбад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода