“Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 306
Таҳти ин унвон дар нашриёти “Ирфон”-и шаҳри Душанбе китоби нави муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода ба чоп расид. Асари мазкурро, ки аз 294 саҳифа иборат аст, шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” барои чоп тавсия додааст.
Китоб дар шакли маҷмуаи мақолаҳои илмӣ таҳия гардида, ҷанбаҳои таърихӣ, вазъу ҳолат ва мавзуву муҳтавои воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии Тоҷикистонро дар даҳ соли охир дар се фасл фаро мегирад.
Дар фасли аввал мақолаҳои илмии марбут ба таҳқиқи таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, дар фасли дуюм пажуҳишҳо доир ба муаммоҳо ва дурнамои рушди ВАО-и маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккулёбии вазифаҳои нави ВАО, масъалаҳои таҳқиқи илмӣ, таҳсилоти журналистӣ ва дар бахши сеюм баҳси масъалаҳои касбии рӯзноманигорӣ ҷой дода шудааст.
Профессор Мурод Муродӣ дар пешгуфтори китоби тозанашр навиштааст, ки “ин китоб масъала ва мавзуъҳои гуногуни рӯзноманигориро фаро гирад ҳам, объекти таҳқиқ ВАО-и минтақаи Хатлон, бахусус матбуоти даврии он аст. Фаъолияти чандсолаи муаллиф ба ҳайси масъули бахши иттилоот дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Хатлон” барояш имкон фароҳам овардааст, ки ҳолат ва авзои воситаҳои ахбори вилоятро хуб омӯзад, мушкилот ва монеаҳои мавҷударо ошкор созад ва баҳри ҳаллу ислоҳи камбудиҳо мақомоти дахлдор саҳм гирад. Ба ин мазмун, дар пажуҳишҳои ӯ мушоҳидаҳои рӯзноманигорӣ, фикри иҷтимоӣ, таҳлили мантиқӣ ва назари интиқодӣ паҳлуи ҳам омадаанд”.
Умуман, маҷмуаи Маъмурзода Носирҷон “Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо” дар илми рӯзноманигории тоҷик саҳифаи нисбатан тоза буда, барои муҳаққиқони соҳаҳои ВАО ва таърих, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ судманд арзёбӣ мешавад.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00