Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 298
Бахшида ба ҷашнвораи 2500-солагии ёдгории таърихии шаҳристони “Тахти сангин” дар ноҳияи Қубодиён ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат оид бо масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятаии Ҷ у м ҳ у р и и Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодёин, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва олимону муҳақиқоне, ки дар шаҳристони “Тахти сангин” ҳафриётҳои илмӣ гузаронидаанд, ширкат доштанд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан зери таваҷҷуҳ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ҳифзу гиромидошт ва муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва таърихию табиӣ иқдомҳои саривақтиву натиҷабахш амалӣ карда шудаанд. Маҳз бо ба роҳ мондани чунин иқдомҳои самарабахш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мамлакати мо зиёд гардидааст. Ҳамчунин, дар ин раванд, ёдгориҳои қадимаи мардуми тоҷик ба феҳристи ғайримоддии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд, ки аз таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик ва сарзамини дорои ганҷинаи зиёди меъморӣ, фарҳангӣ ва таърихию табиӣ доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳанд.
11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ҳамчун меъроси ғайримоддии башарият пазируфта шуда, ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022- 2023 ворид гардиданд.
“Тахти сангин” мавзеи таърихиест, ки дар ҷануби мамлакат дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён мавқеъ дорад. Бо натиҷагирӣ аз корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби олимону бостоншиносон, мавзеи “Тахти сангин” ба асрҳои IV пеш аз милод - II милодӣ тааллуқ дорад. Тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудаанд ва бинобар ин, он номи “Тахти сангин”-ро гирифтааст.
Исмоил СОҲИБНАЗАРОВ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00