Нархи орд чаро якбора боло рафт?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 498
Тайи ду ҳафтаи охир дар бозорҳои вилояти Хатлон нархи як халтаи 50-килограмаи орди навъи якум аз 240 сомонии қаблӣ то 330-340 сомонӣ боло рафт. Коршиносон гароншавии нархи ордро дар кишвар ба кам ворид гардидани гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон пайванд медиҳанд. Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камашро аз Россия ворид мекунад.
Тағйирёбии нархи орд дар бозорҳои вилоят тахминан ду ҳафта пеш шуруъ шуд. Чӣ тавре ки Мирзобек Тағоев, тоҷири ордфурӯши бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, гуфт: “Тахминан ду ҳафта мешавад, ки нархи орд боло рафта истодааст. Масалан, 15-20 рӯз қабл нархи як халта орди 50 кг навъи якум 230 то 240 сомонӣ буд. Ҳоло бошад, ба 320-340 сомонӣ расидааст”. Ин нарх дар муқоиса ба 20 рӯз қабл тахминан 100 сомонӣ боло рафтааст. Қиммати орд дар ҳоле боло рафт, ки сокинон аз пастии арзиши асъори русӣ ва гаронии нархи орд шикоят мекунанд.
Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати саноати назди Сарраёсати омор дар вилояти Хатлон, мегӯяд: “Давоми соли равон истеҳсоли орди ватанӣ ба 120 ҳазору 687,6 тонна расидааст”. Боз илова намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 23 корхонаи истеҳсоли орд ва 923 осиёби обию барқӣ фаъолият мекунанд. Баҳри таъминоти аҳолии вилоят бо маҳсулоти ниёзи авваляи ватанӣ хидмат мекунанд.
Воридот каму талабот бештар Фирдавси Маҳмадсаид, сардори Раёсати зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Болоравии нархи орд аз давлатҳои содироткунандаи гандуму орд вобастагӣ дорад. Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим ва боришоти пай дар пай дар вилояти Костанайи давлати Қазоқистон, кишоварзон маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалларо ба таъхир гузоштанд. Аз ин лиҳоз, воридот каму талабот бештар шудааст”.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 8 моҳи соли равон 596,3 ҳазор тонна гандум аз хориҷ вориди кишвар гардида, аз ин 1444 тоннааш ба корхонаҳои ордбарории вилояти Хатлон расонида шудааст. Нархи қаблии як тонна гандуми воридшуда аз хориҷи кишвар 225 то 260 доллари ИМА-ро ташкил медод, ҳоло бошад, ба 350 доллар расидааст. Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, истеҳсоли гандум давоми соли равон ба 532 ҳазору 898 тонна расидааст.
Нархи орд танзим мешавад?
Зимни мушоҳидаҳо маълум гардид, ки дар баъзе бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нархи як халта орди 50-килограмма аз 330 то 350 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар гардидааст. Роҷеъ ба ин, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ чунин гуфтанд: “Мо аз ин вазъ огаҳ нестем, ҳатман гурӯҳи корӣ ташкил намуда, нархгузориро дар бозорҳои вилоят танзим менамоем”. Ҳамчунин, илова намуданд, ки дар баъзе аз ноҳияҳои дурдаст фурӯшандаҳо хароҷоти кашонидани борро ба инобат гирифта, нархи маҳсулотро зиёд мекунанд.
Тибқи маълумоти Раёсати омори вилоят, меъёри талаботи физиологӣ ба як сари аҳолӣ 113,8 килограмм буда, талаботи аҳолии вилояти Хатлон бошад, дар як сол аз рӯи меъёр 410 ҳазору 954,6 килограммро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ сокинони вилоят пайваста аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо нигаронӣ мекунанд. Дар 8 моҳи соли равон бори дуюм аст, ки арзиши маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва вилоят ба таври сунъӣ боло меравад. Дар моҳи январи ҳамин сол арзиши 1 халтаи 50 килограммӣ ба 350-380 сомонӣ расида буд. Пас, суоле пеш меояд, ки ооё дар бозорҳои дохилӣ нархи орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум танзим мешавад?
Абдулло РИОЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00