Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯзҳо дар ҳамаи 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили “тилои сафед” аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзҳои 30 сентябр ва 1 октябр бо мақсади ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта ҳашари вилоятӣ ташкил шуд, ки дар он кормандони касбу кори гуногун барои ҳамёрӣ ба пахтачинон ба саҳроҳо баромаданд.
Худи раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷайҳун иштирок кард. Дар пахтазори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии заррин”-и ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз ду ҳазор пахтачинҳои ноҳия ба ҳашари умумӣ баромада, дар ҷамъоварии ҳосили дастранҷи деҳқонони заҳматқарин мусоидат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони “Водии заррин” бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд. Дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” то имрӯз зиёда аз 3000 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба иттилои мутахассисон, аз баъзе қитъаҳои з а м и н ҳ о и ҳосилхез зиёда аз 60-сентнерӣ пахтаи хушсифат ба даст меоранд.
Майдони умумии ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” 12055 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷумла майдони корами обӣ -5706,91 гектар буда, дар 3655 гектар пахта, дар 1180 гектар гандум, дар масоҳати 132 гектар макка барои дон ва дар 328 гектар кишти такрории макка барои дон гузаронида шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид роҳбарияти Иттиҳоди аграрии “Водии заррин”-ро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён вазифадор намуда, таъкид кард, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад, то ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон сари вақт ҷамъоварӣ гардад.
Иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва бо ин мақсад таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ корҳои назаррас амалӣ менамояд.
«Бахусус, дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд», - идома дод раиси вилоят.
Дар ноҳияи Ҷайҳун низ, чун анъана, бо мақсади дастгирии пахтакорон миёни фаъолони ин маърака мусобиқаи меҳнатӣ гузаронида мешавад. Аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” чинакчиёни фаъол бо туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд. Раиси вилоят ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳоро гарави муваффақият арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироати кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, соли равонро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.
Дар идома раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулони бахши кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла шудгори босифат ва истифодаи тухмиҳои серҳосили минтақабобро махсус таъкид карда, масъулони соҳаро вазифадор сохт, ки ба масъалаи гузаронидани кишти тирамоҳии зироат диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Гузаронидани шудгор ва кишти зироат махсусан дар ҳамин айём фоидаовар мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо таваҷҷуҳ ба инкишоф ва зарфиятҳои соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун масъулонро муваззаф кард, ки истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу заминро самаранок ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар ҳисса гузоранд.
Қобили зикр аст, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад. Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли 2023 дар майдони 123251 гектар пахта кишт гардидааст. Тибқи дурнамо, дар вилоят
бояд 287 ҳазору 900 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
P.S. 30 сентябр ва 1 октябр кормандони идораи рӯзномаи “Хатлон” низ дар баробари ҳазорон нафар фаъолони вилоят дар маъракаи чиниши пахта ширкат варзида, дар ҳосилғундорӣ аз пахтазори ноҳияи Кӯшониён ба кумаки марди деҳқон саҳм гузоштанд.
Н. Маъмурзода ,
“Хатлон”
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.