Се ноҳия дар як рӯз нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 282
1 октябр дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Данғара маросими гусели тантанавии даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид.
Тавре ки ба рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ доданд, дар ин ноҳияҳо нақшаи даъвати тирамоҳии навҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали ин маърака иҷро шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ дар ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят бо рӯҳияи баланду ифтихори ватандорӣ саф ороста, ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои адои хизмати модар-ватан ҳозир шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат мекунад ва дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард.
Даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома мекунад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00