МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 346
Нимаи дуюми имрӯз, 27 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар хонум Жужанна Харгитай - директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) вилояти Хатлонро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекунад. Чанд лоиҳае, ки дар якҷоягӣ татбиқ мегардад, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят нигаронида шудааст.
Директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми босазо гузошта истодааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иштироки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла амалӣ намудани лоиҳаи CАSА-1000 намунаи ин ҳамкории судманд арзёбӣ кард. Ҳамзамон, соли 2020 “Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” тасдиқ гардидааст, ки ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бонк саҳми арзанда мегузорад. Стратегияи мазкур дар асоси се поя тасдиқ шудааст, ки таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ; мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор; дастгирии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои суст тараққикарда аз ҷумлаи ин ҳадафҳост.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки БАТР дар доираи лоиҳаҳои худ дар самти беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва Ёвон кӯмак карда истодааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар доираи стратегияи мазкур татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ қабул гардид, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат ва пешниҳоди соҳибкорону сармоягузорон қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор хеле такмил дода шудааст.
Жунанна Харгитай гуфт, ки БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз Барномаи маблағгузории иқтисоди «сабз» II дар Тоҷикистонро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА оғоз менамоянд.
Ҷонибҳо дар мулоқот таъкид доштанд, ки ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ ва субъекҳои соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон дар доираи “Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҳамкориро тақвият мебахшанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2023 БАТР 30-солагии ҳамкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. То имрӯз БАТР бо дастгирии 157 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар мамлакат сармоягузорӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.
Пас аз мулоқоти расмӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай аз рафти татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон" дидан намуданд. Ин лоиҳа айни ҳол дар шаҳри Бохтар ба маблағи 9,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодааст, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд такони хуб мебахшанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00