Эҳёи миллат санҷиши қудратмандӣ ва тавоноии миллат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 481
(Чанд андеша дар ҳошияи рисолаи Саймумин Ятимов “Эҳёи миллат - бақои миллат”)
«Донаи гандуми зери хок намедонад, ки ӯ фардо сабаби эҳёи зиндагӣ мешавад».
(Аз номаи Сервантес)
Ин рисолаи басо муҳимми илмӣ, ки муҳаррики баҳси пур аз эҳсосоти меҳанпарастӣ мебошад, қариб 25 сол дер иншо шудааст. Агар мо дар ибтидои солҳои навадум чунин рисолаҳо ва мақолаҳои ирфонӣ-сиёсии дақиқи илмӣ медоштем, даст ба силоҳ намезадем.
Аз ҷумлаи аввали мақолаи “ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ” пойбанди ҷӯшу хурӯши шуур ва шавқи қироати амиқ мегардед.
Ҳанӯз дар асри ХIV ҷунбиши Даврони Эҳё, ки онро “марз”-и асри миёна ва оғози зиндагии нав низ меноманд, навҷӯӣ ва тағйирпарастии инсонҳо аз фарҳанг, адабиёт, маданият ва рӯзгори муқаррарии инсонҳо ба сиёсат робита пайдо кард. Шуруъ аз солҳои 1350 навҷӯӣ барои давраи нав дар осори санъати тасвирӣ, романҳои таърихӣ, ҳамосаҳо эҳё ба мадди аввал мебарояд. Омма чизи нав тақозо мекунад.
Дар натиҷаи аз дин муттасил озод шудани санъат ва адабиёт, тасвири воқеъбинонаи рушди инсон ва табиат бе афсонаҳои динӣ ва неруи фавқуттабиии даврони эҳё суръати нав пайдо кард. Дунявият, ки баъдтар дар асри 15 батадриҷ ба атеизм мубаддал гашт, собит сохт, ки оммаро давлат, сохтор, диктатура фардҳои роҳнамо, императорҳо, шоҳон идора менамоянд. Аксари онҳо дар ин идоракунӣ аз номи Худоёну пайғамбарон сӯистифода мекарданд. Дар ин самт аз дин, ҳодисаҳои табиат ва достонҳои афсонавии хаёлии антиқа васеъ истифода мебурданд. Барои дарк ва омӯзиши ин рисола бояд ҳар кас қабл аз ин мақолаҳои мантиқан давомдори академик С. Ятимов “Дин ва ҷомеа”, “Забон ва амнияти миллӣ”, “Илм ва амнияти миллӣ”, “Тавоно бувад ҳар, кӣ доно бувад”-ро мутолиа намояд.
Ва боз қотеъона такрор мекунам, ки ин рисолаҳо бояд дар 5-солаи аввали солҳои навадум иншо ва эҷод мешуданд. Ва мо даврони Эҳёи миллии Тоҷикистонро оғоз мекардем. Табиатан агар маҷмуи ҳамаи андешаҳои фалсафии Ятимовро хулоса кунем, консепсияи комили “Миллат, танҳо дар натиҷаи тақвияти ҳувияти миллӣ ба давлатдории комил ноил мегардад” бармеояд. Дар асл Тоҷикистон пештар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар баробари ҷумҳуриҳои Назди Балтика дарвозаи эҳёро боз карда буд. Маҳз зиёиён ва рушанфикрони бедорандеши соли 1988, 1991 давлати миллӣ, бо забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва роҳи рушди дунявӣ демократиро тарғиб карда, барои бунёди он талош карданд. Бадбахтона, дин ва оин иқдоми рӯшанфикронро ба даст гирифт.
Дин бо дастгирии тундгароёни хориҷӣ рӯшанфикронро ба масҷиду хонақоҳ, ҷамоатхонаҳо кашид. Ва соли 1991 ҳодисаи фавқулода нав ва барои ҷомаеи ҷаҳонӣ ғайричашмдошт дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Гург ва гӯсфанд дар як сангар саф кашиданд. Дин, рӯҳониёни мансабталош ва неруҳои демократӣ дар атрофи ҳизби ғайрирасмии ҲНИ барои интихоботи демократӣ сар боло карданд. Маҳз дар он давра рисолаҳо ва мақолаҳои “Идеология ва манфиати миллӣ. – Д., 2015; Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ. – Д., 2015; Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Д., 2019; Илм ва амният. – Д., 2019; Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. – Д. 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат. – Д., 2019; Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Д., 2019; Аристотел: давлат ва сиёсат. – Д., 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат. – Д., 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Д., 2020; Худшиносии миллӣ ва масъулияти ватандорӣ ба мардум намерасиданд.
Эҳё дар Итолиё ба вуҷуд омад, ки ҳанӯз дар асрҳои 13-14 дар фаъолияти шахсиятҳои таърихии Тони Парамони, Пизано, Ҷотто, Орканя ва дигарон зарурати эҳёро ба миён гузоштанд.
Ҷунбиши озодандешӣ ва миллӣ барои озодии рӯшанфикрони Тоҷикистон ба давраи Эҳёи ибтидоии (ибтидои асри XV - охири асри XV) Италия монанд аст. Ва барои Тоҷикистон чунин заминаҳо мисли Италия фароҳам буданд. Академик С.С. Ятимов, барҳақ, хирадмандона “Эҳёи миллии Аврупоро сабаб он буд, ки аз замони салтанати Масеҳият – дини насронӣ, наздик ба якуним ҳазор сол мегузашт. Талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум хоҳони таҳаввулот ва пешравӣ буданд. Ин ниёзмандиҳо ба манфиати руҳониён, калисо созгор намеомад. Дар шароити Ақлсолорӣ, Хирадгароӣ, Тақдирнописандӣ, пешрафти илму техника, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллии мардум, ки ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафсири ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккури рӯҳоният комилан мувофиқат намекард, ин тоифа обрӯ, нуфуз, оқибат ҳукумат - манфиати худро аз даст медод” чун доктринаи рушди озоди ҷомеа пешниҳод шудааст. Вале боз такрор мекунам, ки доираи руҳониёни қудратхоҳ ин фурсати қулайро аз даст надоданд. Рӯҳониён зери ниқоби демократия силоҳ ба даст гирифтанд. Ончунон академик Ятимов пажуҳиш кардааст, “Тарзе хотирнишон гардид, низоми динӣ, ки якуним ҳазор сол қабл тавлид ва тавассути ҷангҳои салибӣ устувор шуда буд, бо гузашти асрҳо, бо таҳаввулот ва талаботи зиндагии нав ба тазод ва низои воқеӣ ворид гашт. Натиҷаи ин гуна нофаҳмиҳо байни рӯҳонияти мусаллаҳ бо ҷаҳонбинии ба муддати садсолаҳо ақибмонда ва зиёиён, мардуми тараққихоҳ, воқеънигар ва навовар бо қатлу куштор ва террор анҷом меёфт”.
Профессор Ятимов оқилона зикр мекунад, ки “Истифодаи истилоҳи «Эҳё», албатта, ба моҳияти кулли ҳодисаҳое, ки ҷомеаи Аврупоро фаро мегирифтанд, мувофиқати пурра надошт”. Ин истилоҳро дар солҳои навадум ҷунбиши террористии ҲНИ (Дар Тоҷикистон ва Россия мамнуъ аст) барои қудрати сиёсӣ бо дастгирии неруҳои берунӣ барои пурра аз байн бурдани давлати тоҷикон истифода мекарданд.
“Аз нигоҳи илмӣ, даврони Эҳё зарурати таърихии нобуд сохтани қолаби куҳна, озод кардани майнаи аз таъсири хурофот шахшудамонда ва ба хатари барои ҷомеа марговар мубаддалгаштаи таассуб, маърифатситезии «аксарият» дар қиболи «ақаллият»-и озодандеш буд”. Ин тезиси илмии Саймумин Ятимов кашфиёти хеле дақиқи ҷомеашиносии муосир мебошад. Барои руҳонии аз занҷири асорат раҳошуда «Иттиҳоди Шӯравӣ» қолаби куҳна буд. Вале пешвоёни рӯшанфикр огоҳ набуданд, ки мори эҳёи онҳо ҳатмӣ “Аждаҳо” хоҳад шуд.
Ва ин андешаро муаллиф хеле амиқ ба маърази хонанда мегузорад:”Чун олимони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд”.
Ман ёдрас менамоям, ки “таълимоти неореносансӣ”-и академик Ятимов барои ташаккули давлатдории навини Тоҷикон бояд чун таълимоти омӯзиш ба барномаҳои таълимӣ шомил шавад. Бас аст зӯран ва сунъӣ аз қолабҳои ҷомешиносии хориҷии ба шароити Тоҷикистон номувофиқ истифода кардан. Асарҳои публитсистии сиёсии Ятимов баёнгари ҳувияти миллӣ мебошанд. Шояд ба иддае аз хонандагон писанд набошад, аммо бояд мардонавор иқрор кунем, ки мо ҳанӯз консепсияи миллӣ ё худ идеологияи миллии муосир- он чиро 5 сол пеш академик Ятимов пешниҳод карданд, таҳия накардем. (Мо, ҳатто, муродифи тоҷикии “Идеология”-ро пайдо накардем. Бародарони узбеку қазоқи мо онро айнан “Идеология” қабул карданд) Дар ин ҷо як мисоли хеле дурушт аз таърихи миллати пашту меорам. Қабилаи пашту фақат дар соли 1747, замони Ҳукумати Аҳмадшоҳи Дурронӣ давлатдории мутамаркази худро пайдо кард. Мо аз асри 9 давлатдории сирф тоҷикиро барпо кардем.
Бадбахтона, мо аз ҳувияти миллӣ ба ҳувияти маҳалу қавмӣ фуромадему паштуҳо аз ҳувияти қабилавӣ ба ҳувияти миллӣ (Имрӯз тақрибан 120 миллион паштуҳои ҳинду Покистон, Африқои шимолӣ, Афғонистон мавҷуданд) расида, 5-умин маротиба кӯшиши бунёди давлати Паштунистон дар ҳудуди тоҷикон доранд. Дар зарфи 200 соли охир тоҷикони Афғонистон, ҳатто, баъди муҳоҷирати бузурги солҳои 1920, 1933 тоҷикон ба Афғонистон истилоҳи ”тоҷик” - ро ба “дарӣ”, “маҳаллӣ” , забонҳои “кобулӣ”, “ҳиротӣ”, “ҷабалӣ” иваз карданд.
Ҳувияти миллӣ чӣ навъе, ки дар мақолаҳои Ятимов борҳо зикр шуд, муаллифи ягона надорад. Омма, шуури воҳид, андешаи ягонаи мутамарказ, ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайри давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, идеяҳои шахсиятҳои фарҳехтаи миллат (С. Айнӣ. Б Ғафуров, Ш. Шотемур, Н. Махсум, Эмомалӣ Раҳмон, Саймуъмин Ятимов) муаллифи меъмор ва муҳандиси ҳувияти миллӣ мебошанд. То ба ҳол мо танҳо ҷомеашинос, академик Ятимов муаллиф ва меъмори ҳуввияти миллиро амиқ нишон додааст. Бешак, ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. “Бо ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, сохтмони иншоотҳои бунёди аср Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро бо истифода аз ин ганҷи бепоён ба худшиносиву меҳанпарастӣ ва истиқлолхоҳӣ даъват кард.
Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд. Намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст”. Имрӯз вақти басо муносиб фаро расидааст, ки мо бояд даврони эҳёро амиқ омӯзем.
Ақлпарастӣ ё худ хирадсолории даврони Эҳёро ҳатто дин-олами Ислом низ эътироф ва истифода кардааст. Бахусус, дар идеологияи Туркия, Покистон, Миср, Алҷазоир, Британия онро васеъ татбиқ мекунанд. Аммо Туркия, Мисри Араб, Ҳиндустон аввал “хун” (миллат)-ро дар мадди аввал ва баъдан динро зикр мекунанд. “Ман сараввал турк, баъдан шаҳрванди Туркия ва пасон мусулмон ҳастам”. Ин суханони нависандаи бузурги ҷаҳонӣ Азиз Несин давлати Исломии Туркияро ба эътироз овард, аммо дар асл ҳар як турк миллатро дар мадди аввал мегузорад. Аз ин хотир ҳам ин миллат империя дошту имрӯз низ яке аз абарқудратҳои дунё аст. (Бояд зикр кард, ки дар публитсистикаи академик Ятимов оҳанги қатъии амр “Ман”-и болоназар вуҷуд надорад. Услуби машваратӣ - тавсиявии ӯ то ҳадде ба услуби Белинский монанд аст).
Таърих шоҳид аст, ки тоҷикони Афғонистон дин ва аҳзобро дар мадди аввал гузошта, миллатро чун хидматгори дин маҳсуб донистаанд. Маҳз имкони бузурги эҳёи давлатдории Тоҷикон дар Афғонистон дар дасти устод Бурҳониддин Раббонӣ буд. (Ёдаш ба хайр!). Афсӯс ин абармарди маъруф аввал Ислом баъд Афғонистону дуртар даризабонҳои Афғонистон мегуфт.
Дар се даҳсолаи охир бо вуҷуди эҳёи забони тоҷикӣ корҳои шоёне анҷом дода бошем ҳам, фақат соли 2022 стратегияи рушди забони давлатӣ тавассути академик С. Ятимов илман барои таҳияи барномаи тӯлонимуддати маърифатӣ пешкаш гардид. Профессор Саймумин Ятимов сари вақт ҳушдор медиҳад, ки миллат ва андешаи нави миллӣ, ормонҳои башарии дунявии илмӣ ва динӣ бояд ба забони ноби тоҷикӣ мунташир шаванд. Эҳёи ақл маҳз тавассути забон оғоз мегардад. Бузургтарин сипаҳсолори тоҷикгарои инқилобӣ 900 сол қабл гуфт, ки “ибодат бояд бо форсӣ садо диҳад. Ва дар асри 19 руҳонии ислоҳотгарои олмонӣ Мартин Лютер (1483-1546) ба ҳамватанони худ чунин муроҷиат кард: «Ман қарори қатъӣ қабул кардам: зери роҳбарии ман китоби муқаддаси мо, Инҷил ҳарчи тезтар ба забони немисӣ тарҷума карда шавад. Ва минбаъд намоз гузоштан, ибодат кардан, тамоми маърака ва маросимҳои динӣ танҳо ба забони модарии мо – ба забони немисӣ сурат мегирад!».
Академик Ятимов бо мисолҳо ва иқтибосҳои “оҳанин” собит мекунад, ки барои давлати дунявии хирадсолор қабл аз тааллуқи (мансубият) қавмӣ, динӣ, ҳизбӣ, ирқӣ, миллат дар сатҳи баланд бояд қарор гирад. “Таърихчиён бар ин ақидаанд, ки Мартин Лютери руҳонӣ яке аз ташаббускорони сохтани давлати миллии немисҳо мебошад. Дар он манзалати миллати немис аз ҷумлаи муқаддасоти аввалиндараҷа ҳисобида мешавад. Ба ақидаи ин донишманди руҳонӣ: «Дар дунё ҳама чиз тағйир меёбад. Иваз мешавад. Инсон метавонад, ҳатто дини худро табдил диҳад. Аммо ягона чизе, ки аз рӯзи тавлид то дами марг тағйирнаёбанда аст ва абадӣ мемонад, Миллат аст».
Маҳз асрори стратегияи ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳи тоҷикон, рушди босуботи рӯ ба инкишофи Пешвои миллат дар он аст, ки ӯ худро чун дунявисолор, дунявии шаклан миллӣ, таҳаммулпазир, бахшояндаи башарпарвар муаррифӣ намуд.
Академик Ятимов мушаххасан касеро мазаммат ва танқид намекунад. Аммо ишора мекунад, ки ҳанӯз омилҳо, имконот ва шартҳои татбиқи дастуру ҳидоятҳо дар сатҳи поин амалӣ мешаванд: “Зарур аст, ки ин идеяҳо коркард ва бо истифода аз принсипҳои таърихӣ, таърихӣ – муқоисавӣ, таърихӣ – типологӣ, таърихӣ – генетикӣ, ки ба мавзуи хештаншиносӣ ва худшиносӣ наздик ҳастанд, дар ҷараёни эҳёи миллати тоҷик бо талабот ва шаклу усулҳои рақобатпазир ва самаранок дар тарбияи омма истифода гарданд”. Оре, имрӯз омма куллан ба тарбия ниёз дорад. Айб ва гуноҳ аст, ки тоҷик дар ватан хомӯш, ҳатто бо рамз ишора намекунад. Аммо аз дуриҳои Аврупо ба таърихи худ, ҳайсияти миллат, ба шаҷараи миллии хеш дашному фаҳш мегӯяд. Боиси шармандагист, ки ҳамдиёрони мо дар Аврупо ва ИМА аз номи миллати хеш ор намуда, мардуми содаро ба қиём даъват мекунанд.
Таълимоти академик Ятимов, аниқтараш публитсистикаи сиёсӣ, дастури илмии Ятимов набояд барои “ороиш”-и ҷевон ё намоиши китобҳо хидмат кунад. Ин осори пурқиммати илмӣ сутунмуҳраи фалсафаи муосири тоҷик аст. Боз ҳам такрор мекунам, ки бояд дар асоси осори илмӣ-сиёсии Ятимов китоби дарсии “Ормонҳо ва ҳувияти миллии тоҷик” чун васоити таълим нашр шавад.
Наҷмиддин Шоҳинбодов ,
адиб ва журналист,
бознашр аз рӯзномаи «Имрӯз Нюс»,
аз 31 августи соли 2023, №128 (2717)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00