Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АНДЕШАҲОИ ИФРОТӢ ё бегонапарастии наврасонро чӣ гуна пешгирӣ карда метавонем?


АНДЕШАҲОИ ИФРОТӢ ё бегонапарастии наврасонро чӣ гуна пешгирӣ карда метавонем?




Чаро наврасон ба ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлуб даст мезананд? Андешаҳои ифротгароёна дар мафкураи наврасон аз куҷо сарчашма мегирад? Таълимоти ғайрирасмии динӣ то кадом андоза хатарноку зараровар аст? Ҳамкории сохторҳои марбута пеши роҳи амалҳои номатлуби насли наврасро гирифта метавонад? Оё маърифати наврасон ба донишу фаҳмиши волидон алоқамандӣ дорад ё на? Бо мақсади дарёфти ҷавоб ба саволҳои мазкур бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, равоншинос, коршинос,  волидони  хонандагон  ва  дигар  масъулон  суҳбат  намудем,  ки  фишурдаи  ин  андешаҳоро пешкаши хоннадаи азиз мегардонем.

АНДЕШАҲОИ ИФРОТӢ ДАР МАФКУРАИ НАВРАСОН АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАНД?


Донишу фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, таълиму тарбияи насли наврас ба ояндаи онҳо таъсири  баланд  дорад.  Яъне,  ҳолати таълиму  тарбия,  андешаҳо  ва  рафтору гуфтори имрӯза ояндаи онҳоро месозад. Аз  ин  лиҳоз,  ба  таълиму  тарбияи  дав-раи кӯдакиву наврасӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. 

Фотима  Шералиева,  равоншинос, изҳор  намуд,  ки  наврасон  дар  синну соле  қарор  доранд,  ки  шахсияти  онҳо ҳанӯз ба таври устувор ташаккул наёфтааст. Онҳо дар ҷустуҷӯи ҳувият, ҷойгоҳ ва мақоми худ дар ҷомеа ҳастанд. Дар ҳамин марҳила ҳар гуна идея ва андеша метавонад,  ки  ба  қалби  онҳо  роҳ  ёбад, махсусан агар он идеяҳо эҳсосотро бедор кунанд, ҷавобҳои “осон” ба саволҳои душвор  диҳанд  ва  онҳоро  бо  эҳсоси муҳим будан фаро гиранд.

ЛОЗИМ БА ЁДОВАРИСТ, КИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ МАҲЗ ЗАИФИИ РАВОНИИ НАВРАСОНРО ИСТИФОДА МЕБАРАНД. ОНҲО БО СУХАНОНИ ПУРЭҲСОС, МИСЛИ “ҚАҲРАМОН БОШ”, “ҲАҚРО ДИФОЪ КУН”, “БАР ЗИДДИ ЗОЛИМОН МУБОРИЗА БАР”, БО ШИОРҲОИФИРЕБАНДАИ ГӮЁ ҲИССИ АДОЛАТ, ХУДГУЗАРӢ ВА ҶАСОРАТ НАВРАСОНРО БА ДОМ МЕКАШАНД.

Як сабаби дигари аслии рӯ овардани шуморе аз ҷавонон ба идеяҳои ифротӣ набудани  муҳити  иҷтимоии  дастгирикунанда аст. Наврасоне ҳастанд, ки шояд дар  муҳити  хонавода  ё  мактаб  эҳсоси муҳаббат,  таваҷҷуҳ  ва  роҳнамоиро  намегиранд.  Дар  баробари  ин,  таъсири шабакаҳои  иҷтимоӣ  наметавонад,  ки нодида  гирифта  шавад.  Платформаҳои мисли  TikTok,  YouTube  ва  Instagram ба  маводҳое  бартарӣ  медиҳанд,  ки бештар  “лайк”  ва  “коммент”  мегиранд.  Таблиғгарони  ифротӣ  хеле  хуб мефаҳманд,  ки  чӣ  гуна  мазмуни  худро  дар  шакли  кӯтоҳ,  таъсирбахш  ва пурэҳсос  пешниҳод  кунанд.  Аз  тарафи дигар,  маводи  илмӣ  ва  маърифатӣ  аксар  вақт  ё  ҳузур  надорад  ё  ба  шакле аст,  ки  таваҷҷуҳи  ҷавононро  ба  худ ҷалб  карда  наметавонад.  Ҳамин  тавр, омезиши  заифиҳои  равонӣ,  муҳити иҷтимоии  бетаваҷҷуҳ,  тарғиби  пуртаъсири  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ва  набудани мазмуни ҷолиби илмӣ сабаб шуда истодааст, ки баъзе наврасон ба андешаҳои ифротӣ бештар рӯ меоранд. 

ЧАРО ФАРҲАНГИ БЕГОНА ДАР БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН  РУШД МЕКУНАД?

Ваҳобҷон Шокирзода, сокини ноҳияи Кӯшониён,  изҳор  намуд,  ки  рушд  ёфтани  фарҳанги  бегона  дар  миёни  наврасону  ҷавонон  як  масъалаи  ҷиддии иҷтимоӣ  ва  фарҳангист,  ки  сабабҳои зиёди  равонӣ,  иҷтимоӣ,  иттилоотӣ  ва тарбиявӣ  дорад.  Бегонапарастӣ  маънои онро дорад, ки шахс арзишҳо, услу-би  зиндагӣ,  либоспӯшӣ,  тарзи  гуфтору рафтор ва ҳатто ҷаҳонбинии бегонаҳоро бар  арзишҳои  миллӣ  ва  фарҳанги  худ бартарӣ медиҳад. Метавон хулоса кард, ки  сабабҳои  асосии  рушди  фарҳанги бегонапарастӣ  дар  байни  наврасону ҷавонон аз заифии худшиносӣ, таъсири васеи шабакаҳои иҷтимоӣ, фосилаи афзоянда миёни наслҳо, камрангии тарби-яи фарҳангӣ дар оила ва мактаб ва камфаъолиятии расонаҳои миллӣ мебошад. 

Барои пешгирии ин раванд бояд наврасонро бо забони худи онҳо, бо воситаҳои ҷолиби  муосир  ва  бо  таъсироти  амиқи эҳсосиву зеҳнӣ ба фарҳанги миллӣ ҷалб кард.  Танҳо  вақте  ки  онҳо  ба  фарҳанги худ бо ифтихор менигаранд, дигар ниёз ба тақлиди бегона намебинанд. 

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН АНДЕШАҲОИ ИФРОТГАРОӢ ВА ҶИНОЯТКОРИРО  АЗ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДУР КАРД?

Дар  робита  ба  ин,  коршинос Саидҷаъфар Сафарзода гуфт, ки роҳҳои дур  кардани  андешаҳои  ифротгароӣ  ва ҷинояткорӣ  аз  наврасону  ҷавонон  ва ҷалби онҳо ба сӯи омӯзишу рушди шахсият на танҳо як масъулияти мактаб ва оила, балки вазифаи тамоми ҷомеа, аз ҷумла  давлат,  ходимони  дин,  расонаҳо ва  худи  ҷавонон  мебошад.  Барои  ин кор танҳо маҳкум кардан ё ҷазо додани ҷавонони  гумроҳшуда  кофӣ  нест,  балки бояд амиқ фаҳмид, ки чаро онҳо ба ин гуна  андешаҳо  рӯ  меоранд  ва  ба  ҷойи он  ба  онҳо  интихоби  солим,  ҷолиб  ва муфид  пешниҳод  кард.  Аввалан,  бояд муҳити  тарбиявӣ,  оилавӣ  ва  иҷтимоӣ пур аз муҳаббат, дастгирӣ ва шунаванда бошад. Наврас ва ҷавон вақте ки худро дар хона ва ҷомеа дӯстдоштанӣ, муҳим ва  шунидашуда  эҳсос  мекунад,  эҳтиёҷ ба ҷустуҷӯи «гурӯҳҳои дигар», ба мисли ифротгароён намебинад. 

Волидайн  бояд  бештар  ба  фарзандон  насиҳат  на  бо  фармон,  балки бо  ҳамсуҳбатӣ  ва  фаҳмондан  диҳанд. Муҳим  нест,  ки  танҳо  “чӣ  гуфтан”,  балки “чӣ гуна гуфтан” ҳам аҳамият дорад. 

Барои  ин,  волидон  бояд  худ  низ  саводи  равонӣ  ва  иҷтимоии  кофӣ  дошта бошанд.  Баъдан  бояд  наврасонро  бо фаъолиятҳои эҷодӣ ва иҷтимоӣ машғул сохт.  Вақте  ки  наврас  вақти  холӣ  надорад, вақте ки ӯ бо санъат, варзиш, мусиқӣ, китобхонӣ,  ихтироъкорӣ,  озмунҳои фаннӣ ё муҳити ихтиёрӣ машғул аст, ба андешаҳои ифротӣ на фурсат дорад ва на  зарурат.  Бояд  шабакаҳои  иҷтимоӣ ва  расонаҳои  замонавӣ  ба  манфиати  тарбия  истифода  шаванд.  Зиёда  аз нисфи  вақти  наврасон  дар  интернет мегузарад,  бинобар  ин  бояд  ҳамин  маконро  василаи  таълим  ва  тарбия  гардонд.  Видеоҳои  кӯтоҳ,  мусоҳибаҳои ҷолиб, қаҳрамонсозии шахсиятҳои миллии муосир, таблиғи арзишҳои илмӣ ва фарҳангӣ  бояд  ба  тарзи  ҳунармандона ва  таъсирбахш  паҳн  шаванд.  Агар  ин корро накунем, фазои интернетро касоне пур мекунанд, ки фикру ақидаи носо-лим доранд.

ВОЛИДОН БОЯД БА ТАЪЛИМ ФАРО ГИРИФТА ШАВАНД

- Пеш аз он ки аз кӯдакон ва наврасон интизори тарбияи дуруст дошта бо-шем,  бояд  аввал  ба  худи  калонсолон  - падару  модар,  бобову  бибӣ,  омӯзгорон ва  дигар  шахсони  калонсол,  ки  дар зиндагии  фарзандон  нақш  доранд,  таваҷҷуҳи  ҷиддӣ зоҳир  карда  шавад.  Чунки  фарзандон  бештар  аз шунидаҳояшон  таълим  намегиранд,  -  гуфт  корманди соҳаи маориф Қосимбег Давлатбег. – Кӯдакону наврасон аз дидаҳояшон, яъне аз рафтору гуфтори калонсо-лон меомӯзанд. Бисёр волидайн, ки маълумоти кофӣ надоранд  ё  шояд  муҳити  солимро  нагузаронидаанд, баъзан ноогоҳона ба кӯдакон рафторҳои манфӣ ё номуносибро меомӯзонанд. Масалан, волиде метавонад, ки дар хона бадгӯӣ кунад, дод занад, ё ҳатто кӯдакро таҳқир  намояд,  вале  ҳамзамон  аз  ӯ  талаб  дорад,  ки «одоб дошта бошад», «бофаросат бошад», ё «рафто-ри зебо дошта бошад». Ин гуна дуруштии номувофиқ байни  гуфта  ва  кардаи  волид  зеҳни  кӯдакро  ба  ташвиш меандозад ва ӯро ба тарбияи носолим мебарад. 


Дар чунин шароит кӯдак ифодаҳои “гуноҳ” ва “ҷазо”-ро нодуруст дарк мекунад ва фикр мекунад, ки бояд дигаронро итоат кунад, на аз рӯи ақл, балки аз рӯи тарс 
ва маҷбурият.

Мутаассифона, бисёре аз калонсолон фаҳмиши кофӣ дар бораи равоншиносии кӯдак надоранд. Онҳо намедонанд, ки ҳар як сухану амали онҳо метавонад, ки дар зеҳни кӯдак ҳамчун “қоида”, “меъёр” ё “дарс” сабт гардад. Ва агар ин дарс носолим бошад, пас кӯдак на танҳо онро қабул мекунад, балки оянда ба фарзанди худ ҳам меомӯзонад.

Ин як давраи хатарноки бисёрсола мешавад. Ба-рои ҳамин, агар мо хоҳем, ки наврасони солим, боо-доб,  донишманд  ва  маърифатдӯст  парварем,  аввал бояд  волидайн  ва  калонсолонро  омӯзонем.  Онҳо бояд  донанд,  ки  чӣ  гуна  бо  кӯдак  гуфтугӯ  кунанд,  чӣ гуна  ҳиссиёт  ва  эҳтиёҷоти  равонии  ӯро  дарк  кунанд, чӣ гуна дӯст доштани фарзандро нишон диҳанд (ҳам дар сухан, ҳам дар амал), чӣ гуна худро ҳамчун намунаи рафтори нек муаррифӣ кунанд. Омӯзонидани волидайн бояд танҳо дар шакли лексия ё дарс набошад, балки дар шакли машварат, вохӯрӣ, тренингҳо, равон-шиносии амалӣ ва саҳнаҳои зиндагии воқеӣ. 

ҲАМКОРИИ МУОСИРИ СОХТОРҲО ВА ХУЛОСА

Комилҷон  Расулов,  омӯзгор  аз  ноҳияи  Кӯшониён, гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯза, ки бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши ҷинояткорӣ, паҳншавии андешаҳои ифротӣ ва беэътиноӣ ба арзишҳои маънавӣ рӯ ба рӯ аст, ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷояи тамоми сохторҳои дахлдор  аҳамияти  бузург  пайдо  мекунад.  Ҳеҷ  як ниҳоде,  ки  ба  тарбия,  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  рушди  наврасону ҷавонон алоқаманд аст, наметавонад, ки танҳо, бе  дастгирии  дигарон  ба  натиҷаҳои  воқеӣ  ноил  гардад.  Танҳо  бо  роҳи  таъсиси  як  низоми  мукаммали ҳамоҳангшуда метавон пеши роҳи хатарҳои мавҷударо гирифт ва муҳити амну созандаро барои насли ҷавон фароҳам  сохт.  Ҳамкории  муассир  миёни  сохторҳое чун  Комиссияи  ҳифзи  ҳуқуқи  кӯдак,  мақомоти  корҳои дохилӣ, маориф, шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин бахши занон ва оила, бояд на фақат дар вокуниш ба ҳодисаҳо, балки дар сатҳи пешгирӣ, таҳлил ва фаъолсозии муҳити тарбиявӣ хубтар амалӣ гардад. 

Ин сохторҳо, агар бо ҳам дар як ҷараён ва бо як ҳадаф амал кунанд, метавонанд сабабҳои аслии ҷинояткорӣ ва ифротгароиро дар муҳити наврасон бартараф созанд, на танҳо оқибатҳои онро кушоянд.

С. АЗИЗЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода