ДАНҒАРА: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСӢ ДАР МЕҲВАРИ БАРРАСИИ ҲИЗБИЁН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 138
![]()
Дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори қабули Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ бахшида шуд.
Дар маҷлис муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, вакилони маҷлиси маҳаллӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва динӣ ширкат варзиданд.
Нахуст иштирокчиён аз намоиши китобҳои Пешвои миллат, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маорифу варзиш боздид намуданд.
![]()
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайдализода Садриддин Достӣ маҷлисро ифтитоҳ намуда, фаъолияти шашмоҳаи ҳизбро ҷамъбаст кард. Зикр гардид, ки дар ин давра 780 нафар ба сафи ҳизб пазируфта шуда, шумораи умумии аъзои ҳизб ба 10 ҳазору 503 нафар расидааст. Ҳамзамон, 6 ташкилоти нав таъсис ёфта, шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 116 расид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон фаъолияти ҳизбиёнро дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.
Дар идома, ҳамоиши ҳизбиён доир гардид. Маликшо Неъматзода зикр кард, ки ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи душвори таърихӣ ба майдони сиёсат баромада, мардумро ба ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят намуд.
Раиси ноҳия Саломзода Сиҷоуддин дар суханронии худ саҳми Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ кард.
![]()
Дар анҷом фаъолони ҳизбӣ бо Медали 30-солагии ҲХДТ ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, барномаи фарҳангии ҳунармандони ноҳия намоиш дода шуд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...