Андоз - рукни муҳими инкишофи ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 аз тарафи дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо 92 (89) санҷиш гузаронида, бо натиҷаи он 2293 (2203) қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд. Ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 984 (948) адад амр дода, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” 59,7 (55,5) млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 133 (127) пешниҳод ирсол карда шуд. Аз рӯи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 113 (127) нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда, 711 (673) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамзамон, аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 315 (313) қарори ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда, онҳо мавриди баррасӣ қарор дода, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.
Инчунин, дар ин давра ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағҳои қарзи андоз 2 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба Суди иқтисодии вилоят пешниҳод карда, онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қонеъ карда шудаанд. Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ин самт 21 (19) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Вобаста ба супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 21/27-19 сод аз 3.02 соли 2022 оид ба «Рӯзи ягонаи қабули соҳибкорон дар мақомоти прокуратура» эълон гардидан, аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он иттилоот дар бораи рӯзи қабули соҳибкорон тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин иттиҳодия ва Ассотсиатсияҳои соҳибкорон ба самъи субъектони фаъолияти соҳибкорӣ расонида шуда, рафти иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Бахусус, ҳангоми оғозу тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати соҳибкорон бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шудаанд, ки пеш аз оғози ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бо ин категорияи ҷиноятҳо оиди асоснокӣ ва зарурияти оғози парвандаи ҷиноятӣ ба прокуратураи вилоят маводҳоро барои омӯзиш пешниҳод ва мувофиқа намоянд, ки ин талабот зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 (5) парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибкорон бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд. Аз ин ҳисоб 4 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209 қисмҳои 1-2 ва бо моддаи 294 қисмҳои 1 ва 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ошкор, оғоз ва тафтиши ин категорияи парвандаҳои ҷиноятӣ ба прокуратураи шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ 3 адад (м.м. 209 қисми 1, 32 қисми 3 - 294 қисми 2 - 2 адад), дастгоҳи прокуратураи вилоят - 1 адад (м.209 қисми 1), Қубодиён 1 адад (м.209 қисми 1) ва н.А.Ҷомӣ - 1 адад (м. 294 қисми 2) рост меояд.
Риояи иҷрои қонунгузориҳои соҳаи андоз ва иҷрои андоз, сарчашмаи асосии ғанигардонии буҷаи давлат буда, ба рушди босуботи кишвару солимии миллат тавъам аст. Аз ин рӯ, мақомоти прокуратура ба ин масъала пайваста диққат медиҳад.
С. МУРОДАЛИЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори вилоят
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...