Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Қарзҳои бонкӣ: беш аз 2,9 миллиард сомонӣ


Қарзҳои бонкӣ: беш аз 2,9 миллиард сомонӣ




Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои молиявию қарзии вилояти Хатлон ба иқтисодиёти вилоят 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 фоиз ё 638,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти расмӣ, қарзҳои додашуда ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона гардида, саҳми назарраси онҳо дар таъмин намудани фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мушоҳида мегардад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ 684,1 миллион сомонӣ (23,5 фоиз), саноат - 111,2 миллион сомонӣ (3,8 фоиз), сохтмон - 77,3 миллион сомонӣ (2,7 фоиз), нақлиёт - 10,9 миллион сомонӣ (0,4 фоиз), хӯроки ҷамъиятӣ - 4 миллион сомонӣ (0,1 фоиз), хизматрасонӣ - 208,4 миллион сомонӣ (7,1 фоиз), савдои хориҷӣ - 292,9 миллион сомонӣ (10,1 фоиз) ва ба қарзҳои истеъмолӣ - 1 миллиарду 493,7 миллион сомонӣ (51,3 фоиз) рост меояд. Ба дигар соҳаҳо бошад, 29,8 миллион сомонӣ (1 фоиз) равона шудааст.

Бо назардошти афзалият додан ба маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт, махсусан кишоварзӣ ва соҳаҳои истеҳсолот, интизор меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии вилоят мусоидат хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода