Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Оё мактаббачагон онро самаранок мегузаронанд?


ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Оё мактаббачагон онро самаранок мегузаронанд?




Тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон сабабҳои асосии рӯй додани амалҳои номатлуб ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, асосан аз бекорӣ ва беназоратии онҳо маншаъ мегирад.

Давраи  таътили  тобистонаи  мактаббачагон,  ки  ҳар  сол  аз  моҳи  июн  то  1-уми сентябр  давом  мекунад,  ҳамчун  марҳилаи ҳассос  мебошад,  ки  дар  он  хатари  рӯй  додани амалҳои номатлуб ва аз роҳ баромадани наврасону ҷавонон бештар мебошад. Бо назардошти  ин  вазъ,  Вазорати  маориф  ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти  Хатлон  ва  раёсати  маориф  бо  мақсади  самаранок  гузаронидани таътил  тадбирҳои  гуногун  ва  чораҳои  муассирро  дар  доираи  дастуру  супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  роҳандозӣ  менамоянд.  Аммо  таҳлилҳои  амалӣ  нишон медиҳанд, ки на ҳамеша натиҷаҳои бадастомада  қонеъкунанда  мебошанд.  Аз  ин  рӯ, суоли  аслӣ  ин  аст:  Оё  таътили  тобистонаи мактаббачагон дар соли 2025 воқеан самаранок ва муассир мегузарад?

Бо мақсади рӯшноӣ андохтан ба ин масъала,  мо  бо  мутахассисони  соҳаи  маориф, коршиносон, хонандагон ва волидони толибилмон суҳбатҳо анҷом додем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандаи азиз менамоем.

ФАЪОЛИЯТИ НАВРАСОН ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛИ ТОБИСТОН

Коршинос  Муҳаммад  Шерализода  таъкид намуд, ки наврасон таътили тобистонаро  дар  шаклҳои  гуногун  мегузаронанд.  Барои  гурӯҳи  муайяне  давраи  таътил  маънои истироҳату фароғатро дорад, дар ҳоле ки барои гурӯҳи дигар ин давра вақти саҳмгузорӣ дар корҳои хона ва ё омӯхтани маҳфилҳои гуногун  мебошад.  Бо  вуҷуди  он  ки  масъулин  нақшаҳои  мушаххас  барои  фароғат  ва омӯзиш, аз ҷумла ташкил намудани лагерҳои беруназшаҳрӣ  ва  наздимуассисавӣ  таҳия менамоянд,  қисми  зиёди  хонандагон  дар хона мемонанд ва сифати истифодаи вақти онҳо ба таваҷҷуҳи волидон вобаста аст.

Муҳаммад  Шерализода  зикр  кард,  ки волидон  бояд  ҳамеша  дар  фикри  он бошанд,  ки  кӯдакон  дар  ин  давра  аз омӯзиш  дур  намонанд  ва  ҳамзамон ба  истироҳат  ва  фароғат  ҷалб  гарданд.  Зеро  истироҳат  ва  фароғат зарурати  табиии  ҳар  инсон  аст  ва агар  он  саривақт  ва  бо  тарзи  дуруст гузарад,  дарс  ва  фаъолияти  солона бо  натиҷаҳои  хуб  анҷом  мешаванд. Вагарна,  хастагӣ  ва  дилмондагӣ  метавонад, ки ба сатҳи таҳсил таъсири манфӣ расонад.

ТАҶРИБАИ ХОНАНДАГОН ВА ВОЛИДОН

Хонандаи  синфи  7-и  муассисаи №12-и  шаҳри  Бохтар,  Сорбони  Даврон нақл кард, ки дар давраи таътил бо  мусоидати  волидон  ба  омӯзиши забони  англисӣ  ҷалб  шудааст.  Ӯ  ҳар ҳафта се рӯз ба маркази забономӯзӣ меравад  ва  хоҳараш  Сабрина  дар маҳфилҳои  пухтупази  назди  Муассисаи  таҳсилоти  иловагӣ  иштирок мекунад.  Ғайр  аз  ин,  Сорбон  дар даври дуюми сафарбарӣ ба лагерҳои беруназшаҳрӣ  фаро  гирифта  шудааст.  Мавсуф  ҳоло  дар  истироҳатгоҳи “Шимкент”-и  шаҳри  Турсунзода  ба истироҳату фароғат машғул мебошад. Ин лагер барои хонандагони фаъоли муассисаҳои  таълимӣ  ташкил  гардидааст. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки  таътили  тобистона  метавонад  ба рушди шахсӣ ва малакаҳои наврасон мусоидат кунад.

Музаффар  Ҳайдарализода,  сокини  ноҳияи  Кӯшониён  ва  падари  се нафар  хонандагони  муассисаи  таълимии  №14,  таъкид  кард,  ки  масъулияти  волидон  дар  давраи  таътил хеле муҳим аст. Вай гуфт, ки волидон бояд  аз  имрӯз  барои  ояндаи  фарзандонашон  кӯшиш  намуда,  бо  ку-мак  ба  омӯзиш,  фароғат  ва  тарбияи 
меҳнатдӯстӣ  мусоидат  намоянд.  Ӯ кӯшиш  мекунад,  ки  фарзандонашро ба  лагерҳо,  маҳфилҳо,  китобхонӣ  ва фаъолияти  фароғатӣ  ҷалб  кунад,  то вақти  холиро  самаранок  истифода баранд.

ҶАЛБИ ХОНАНДАГОН БА ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТӢ

Сармутахассиси  Раёсати  маорифи  вилояти  Хатлон  Ниёзалӣ Ашӯрзода  иттилоъ  дод,  ки  тибқи нақшаи  тасдиқкардаи  раиси  вилояти Хатлон  барои  соли  2025  беш  аз  190 ҳазор  кӯдакону  наврасон  бояд  ба истироҳати  тобистона  фаро  гирифта шаванд.  Дар  басти  якум  95,147  нафар ва дар басти дуюм 60,149 нафар кӯдакони  ятим,  камбизоат  ва  хонан-дагони лаёқатманд ба лагерҳои гуногун ҷалб шудаанд.

Дар вилояти Хатлон панҷ истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ  фаъолият  дорад,  ки  дар онҳо  ҳазорҳо  кӯдакони  минтақа  истироҳат мекунанд.  Ҳамзамон,  лагерҳои  варзишӣ, фароғатӣ  ва  солимгардонӣ  дар  назди  муассисаҳои  таълимӣ  ба  фаъолият машғуланд,  ки  барои  беҳтар  намудани саломатӣ ва рушди варзишии кӯдакон мусоидат мекунанд.

Масъулин вазифадоранд, ки барои ташкил намудани истироҳати босамар ва солимгардонии  кӯдакон  маблағгузории  лозимиро таъмин  намоянд  ва  фаъолияти  лагерҳоро назорат  кунанд.  Барои  соли  2025  аз  буҷаи маҳаллӣ  ва  соҳибкорон  маблағҳои  махсус ҷудо  карда  шудаанд,  ки  дар  ин  давра  ба кӯдакон  хӯроки  яквақта  дода  мешавад  ва муҳити солим фароҳам оварда мешавад.

ХУЛОСА

Таътили  тобистонаи  мактаббачагон  барои фароғат, истироҳат ва омӯзиши кӯдакон ва  наврасон  имконияти  беҳтарин  аст.  Самаранокии  ин  давра  ба  ҳамкории  мунтазами  волидон,  мактаб,  мақомоти  маҳаллӣ ва  ҷомеа  вобаста  мебошад.  Муҳим  аст,  ки кӯдакон  дар  ин  давра  на  танҳо  истироҳат кунанд, балки бо омӯзиш ва иштироки фаъолона  дар  маҳфилҳои  гуногун  малакаҳои навро  биомӯзанд  ва  ба  рушди  шахсӣ  ноил гарданд.  Бо  дастгирии  ҷиддӣ  ва  ҳамкории ҳамаи  ҷонибҳо  таътили  тобистона  метавонад, ки ҳамчун омиле барои коҳиши амалҳои номатлуб,  баланд  бардоштани  сифати таҳсил ва тарбияи шахсиятҳои босавод мусоидат намояд. Аз ин рӯ, ба назари коршиносон  ва  иштирокчиён,  таътили  тобистона метавонад, ки босамар бошад, агар тамоми қувва ва имкониятҳо ба таври мақсаднок равона шаванд.

С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода