Давлаталӣ Саид: «Ҳосили пахта беталаф ҷамъоварӣ ва меҳнати пахтакорон қадр шавад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 342
22-23 сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз нуқтаи қабули пахтаи корхонаи ҶДММ “Водии заррин” ва корхонаи қабул ва коркарди пахтаи ҶДММ “Субҳи Фархор-1” боздид намуд.
Мутахассисони корхонаи ҶДММ «Водии заррин” иттилоъ доданд, ки дар нуқтаи қабул ҳамарӯза наздики 200 тонна пахтаи ҷамъоваринамудаи кишоварзони ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қабул карда мешаванд. Аз ин ҳисоб, дар давоми 5 рӯзи охир ба нуқтаи қабули мазкур зиёда аз 1000 тонна ашёи хом ворид гардидааст.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулони корхона дастур дод, ки корро дар самти қабули пахта таҳким бахшида, ҷиҳати тезонидани суръати интернет барои кори токинг дар корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҳамкорӣ намоянд. Дар ҳамин замина ба роҳбарони корхона таъкид намуд, ки оид ба пардохти саривақтии маблағ чораҳо андешида, меҳнати кишоварзонро қадр кунанд. Пешниҳод гардид, ки барои намояндагони хоҷагиҳое, ки пахта ворид мекунанду дар навбатпоӣ меистанд, хӯроки гарм ташкил карда шавад.
Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, имсол кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони зиёда аз 9600 гектар кишти пунбадона гузаронида, имрӯзҳо дар ҳама хоҷагиҳо ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфтааст ва он бо суръат идома дорад.
Ҳамарӯза зиёда аз панҷуним то шаш ҳазор чинакчиён ба саҳро баромада, ҳар як нафар ба ҳисоби миёна аз 70 то 80-килоӣ пахта чида истодаанд.
То ба имрӯз тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор зиёда аз 8000 ҳазор тонна “тилои сафед” ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард зиёда аз 6000 ҳазор тонна пахта супоридаанд. Кишоварзони ноҳияи Фархор тасмим доранд, ки аз боду ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, заҳмати дастранҷи хешро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Фархор раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти фаъолият ва қабули пахта дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Корпоратсияи Зиёратшоҳ” дидан намуд. Ҳамзамон раиси вилоят бо вазъи истифодабарии самарабахши замин ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии деҳқонии “Аминҷон”-и деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти Фархор шинос шуда, ба ҳамаи пахтакорону чинакчиён барори кору зиндагии осуда таманно кард.
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар ноҳияи Фархор раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баъд аз боздиди корхонаҳои коркарди пахта дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри шаҳрвандонро гузаронид.
Ба раиси вилоят 18 нафар сокинони ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мусоидат барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони мактаб ва муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, кумаки моддию молиявӣ ба нафарони эҳтиёҷманд ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.
Ҷиҳати қонеъ гардонидани арзу дархости сокинон масъулони ташкилоту идораҳои ноҳиявию вилоятӣ вазифадор шуданд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” арзу дархости сокинон сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шаванд. Баъдан бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Фархор суҳбати озод сурат гирифт. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳия иштироки фаъол ва саҳми намоён мегузоранд. Ин раванд бояд бомаром идома дода шавад.
Масъалаҳои тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ, хизмат ба Ватан, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифтротӣ, ҷалби насли наврас ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни суҳбати озод аз ҷониби раиси раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба он таваҷҷуҳи бештар равона гардид.
Дар поёни вохӯрии мазкур раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат, ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, сафарбарии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта, тайёрии пурраи муассисаҳои тандурустиву маориф ба мавсими зимистон, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба раиси ноҳия ва масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳо дод.
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00