9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 313
Дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Ар- Риёзи Арабистони Саудӣ 9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд.
қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум ва Қалъаи Ҳисорак мебошанд, ки ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон- Қароқум» шомил мебошанд.
Ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» давлатҳои Узбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмуъ 31 ёдгориро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин, соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид шуда буд. Ҳамзамон, соли 2013 ёдгории табиию фарҳангии Парки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонӣ сабт шуда буд.
То ин муддат намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», ҷойҳои таърихии «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00