Дар Кӯлоб беш аз 400 иншоот бунёд мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 335
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад.
Дар ин замина, дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак идома дорад. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит муҳайё мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюм ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба пӯшонидани болои бино шуруъ менамоянд.
Бо дастури роҳбарияти олии мамлакат дар маркази шаҳр сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардида оғоз гардидааст. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорону шахсони саховатпеша аллакай пойдевори манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, барои бунёди деворҳо корҳо идома доранд. Инчунин, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи ба номи С. Сафаров барқарорсозии обравҳои паҳлуи роҳ ҷараён дорад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 800 иншоот сохта, ба истифода дода шуда буд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...