Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар вилояти Хатлон беҳтарин донандаи “Маснавии маънавӣ” муайян мешавад


Дар вилояти Хатлон беҳтарин донандаи “Маснавии маънавӣ” муайян мешавад



Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа, эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии “Маснавихонӣ””, аз 20 то 22 сентябри соли равон дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври вилоятии озмун баргузор карда мешавад.

Тибқи ин қарор, озмун аз рӯйи як номина – “Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баргузор гардида, иштирокчиён ба чаҳор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо карда мешаванд.
Дар озмун номзадҳо ва докторони илми филология, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти ҳамаи зинаҳои таҳсилот иштирок карда наметавонанд.

Барои қадрдонӣ намудани ғолибони даври вилоятии озмуни “Маснавихонӣ” барои ҷойи аввал 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Даври ҷумҳуриявии озмуни "Маснавихонӣ" охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар зодгоҳи шоир - ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода