Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даъвои Ташиевро бояд ҷиддиӣ бигирем…


Даъвои Ташиевро бояд ҷиддиӣ бигирем…



Изҳороти ахири Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз он далолат мекунад, ки ҷониби Қирғизистон ҳанӯз аз даъвои бо роҳи зӯрӣ ва бо истифода аз ҳама имконоти мавҷуда соҳиб шудан ба баъзе нуқоти қаламрави Тоҷикистон даст накашидаанд....


Ташиев зимнан бо ишора таъкид менамояд, ки агар Тоҷикистон аз даъвои баргардонидани заминҳои аз ҷониби Қирғизистон тасарруфшуда даст накашад, онҳо бозиҳои наверо роҳандозӣ хоҳанд кард, ки дар доираи баҳс ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. 


Чаро мо бояд ба иттиҳоми бепояи ӯ ба таври ҷиддӣ бархӯрд кунем? Ин иддаои ӯ аз куҷо сарчашма мегирад ва дар пасманзари он кадом қудратҳо қарор доранд? Оё мешавад танҳо бо чанд шиорзании фейсбукӣ, ки мо ҳақему онҳо ноҳақ ин баҳсро хулоса кард...?


Суоли нахуст ин аст, ки чаро пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва задухурдҳои шадид дар сарҳад бидуни ҳеҷ далел, Ташиев баъд аз гузашти даҳсолаҳо иддао дорад, ки санади таърихиеро ба манфиати Қирғизистон пайдо кардааст ва дар ҳоли хомӯш нашудани ҷониби Тоҷикистон онро ошкор хоҳад кард??? Ин “санади муҳим”, ки далели “нақд” аст то имрӯз дар кадом “анбор” маҳфуз буд?


Далелҳои айнан нусхабардорӣ кардани осори ҳунарии классикон, аз ҷумла мусаввараҳо нодир, ки дар бозори арзиши хеле баланд доранд, дар таърих зиёд ба назар мерасад. То ҳол баъзе сармоядорон тасовири тақаллубиро, ки ба қалами рассомони бузург тааллуқ дорад бо арзишҳои ҳангуфт дастрас намуда ба унвони асл нигаҳ медоранд. 


Вале баҳси мо сари дигар чиз аст... Мо бояд ба ин тамоюл таваҷҷуҳ кунем, ки чанд даҳсолаи ахир ба иллати пешравии технологияҳо, ҷаъл ва таққаллуби аснод низ аз ҷониби баъзе кишварҳо хеле рушд кардааст.  


Фаразан як мутахассиси рус, чанде қабл изҳорот дод, ки дар даврони сари қудрат будани Елтсин дар ФР, теъдоде аз мутахассисони варзидаи тақаллубкор бо раҳнамоии баъзе кишварҳои хориҷа ва мусоидати ҳукуматдорони вақт, зери роҳбарии ӯ санадҳои давраи Сталинро “тағйир” додаанд. Дар рафти кор қоғазҳо ва рангҳое истифода шудаанд, ки аз қоғазу рангҳои замони доҳии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ тафовут надоштанд. Ӯ итминон дод, ки ин кор ба гунае сурат гирифтааст, ки ҳоло худи ӯ бидуни тадқиқоти ҷиддӣ ва тӯлонӣ наметавонад байни санадҳои аслӣ ва тақаллубӣ фарқ гузорад. 


Гумон ғолиб аст, ки санадҳои пайдо намудаи Қамчибек Ташиев низ аз ҳамин қабиланд ва хадамоти ҷосусии кадом як кишвари манфиатдоре барои ноором кардани вазъи минтақа ҳуҷҷатҳои ҷаълшударо “бо ду дасти адаб” ба ихтиёри Қирғизистон гузоштаанд. Даъвои дигари Қамчибек, ки дар ҳоли хомӯш нашудани Тоҷикистон барои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани баҳсҳои назди сарҳадӣ, кишвари ҳамсоя тамоми имконотро дар даст дорад, низ дар такя ба итминони “пуштибони” онҳо сурат мегирад...  


Шояд моро зарур аст, ки ба изҳороти Ташиев аз ин мавқеъ бархурд кунем ва ба фитанаҳои нав омода бошем...?

Бахтиёр Ҳамдамов,

коршинос

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода