ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИФТИТОҲ ЁФТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 422
Дар шаҳри Бохтар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон - 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҳамоишҳои расмӣ ба ин муносибат имрӯз бо гузашти Паради хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарии вилоят, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот идома меёбанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин ҳамоиш сухан гуфта, бо камоли нусрату фараҳмандӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ ба меҳан, тамоми сокинони вилоят, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва захираҳои сафарбарии вилоятро ба ин муносибат самимона шодбошу таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят файзу баракат, осоишу саодатмандӣ, офияту тандурустӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафти рӯзафзун таманно кард.
Қайд гардид, ки такягоҳи давлат ва устувории фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахшу итминони мардум дар зиндагии осоишта, ба қудратмандии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори қавӣ дорад.
- Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташаккули онҳо ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои истиқлоли давлатӣ рост меояд, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, агарчи ба мушкилиҳои вазнин рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст.
Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доранд, таъкид мекунанд, ки риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи шумо мебошад.
Ватан ва ҳар ваҷаб марзи онро дӯст доред, ба савганди ҳарбӣ, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқ бошед, ҳаргиз фаромӯш насозед, ки марзи давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он рамзи нангу номуси ватандорӣ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад.
Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлолу озодии Ватан, кафолати зиндагии ороми мардум ва рушди устувори давлати тоҷикон мебошад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар сухани шодбошии худ зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият дар ҳудуди вилоят баҳри ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва хомӯш намудани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа сохторҳои дахлдори низомӣ таъсис дода шуда, бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамзамон, таъкид бояд дошт, ки тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сол аз сол шароити кору хизмат дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди вилояти Хатлон беҳтар гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша корҳои таъмиру азнавсозӣ мунтазам ҷараён дошта, ҷузъу томҳои низомӣ ва шаҳрчаҳои ҳарбӣ ба меъёру талаботи муосир мутобиқ гардида истодаанд.
Дар партави таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти олии сиёсии кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ мунтазам чораандешӣ менамояд.
Шодибахш аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин шудааст. Ҳамчунин бинову иншоотҳо ва дигар инфрасохтори воҳидҳои низомӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ беҳтар гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ дар арафаи идҳои миллӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор чорабиниҳои фарҳангӣ, бо оростани дастурхони идона баргузор карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ таваҷҷуҳро дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
- Итминон дорам, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Мутмаинам, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни дар эҳтиёт қарордошта минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ, давлат, Ватан ва миллат содиқ монда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, яъне ҳифзи марзу буми Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи Тоҷикистонро бо сарбаландӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар хиёбони марказии шаҳри Бохтар гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ сурат гирифт.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00