Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНАИ ХИРАД ВА АНДЕШАИ МИЛЛ АТ


ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНАИ ХИРАД ВА АНДЕШАИ МИЛЛ АТ




Иқтибосҳои ёдмон аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири кишвар саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос менамоям.

****
Неруи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад.Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем.
****
Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
****
Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид.
****
Неруи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад. Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем.
****
Соҳибихтиёрӣ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат мебошад, балки ҳалли масъалаҳои дохилии кишварро дар радифи масоили муҳимтарини фаъолияти давлат ва Ҳукумат мегузорад.
****
Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.
****
Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.
****
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
****
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
****
Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо дарназардошти имконияти воқеии молиявӣ, тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун мебошад. 
****
Дар солҳои истиқлолият мо кӯшиш кардем, ки корхонаҳои саноатиро бештар ба манбаъҳои ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ наздик, яъне дар маҳалҳои деҳоти мамлакат ҷойгир кунем ва тавассути бунёди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти коммуникатсионӣ ва тайёр намудани мутахассисон ба рушди деҳоти кишвар ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бартарӣ диҳем.
****
Ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки мақсади асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад, амалӣ гардида, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад ва масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад.
****
Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

Фароҳамсоз
Ҳангомаи ИСМАТ,

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода