Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Субҳ ба хайр, оинаи сабзи Ватан!


Субҳ ба хайр, оинаи сабзи Ватан!



 
Сарзамини ганҷҳои саррези шойгони зиёфатӣ-моломоли ғаллазорону боғистону хирману хамбану дасторхонҳои тобони нонгирдаҳои ширмоли варақӣ, чашмасорони ҷӯшону саррафтаи сиҳатбахш чун чашмаи оби бақои Хизри набӣ, ахши эҳсону каромоти ҷавонмардиву атои кашу канору дуруду пидроми ҳамватании тоҷикона ба ҷилва омада, дар чамани иди навбатии Ваҳдати гиромигуҳари миллӣ.  

Хушо, эй субҳи осудаи бозтоби ҳамоҳангӣ, оинаи ёднамои оғӯштану пайвастану часпидану бӯйидану бӯсидан-Ваҳдати настӯҳ, ҳокими сохтани афкору аъмоли озодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низомӣ! Бахшандаву якрӯйи пойистан, дилсоз, омили раҳмату садоқату наҷоту ифтихороту пирӯзии миллати ҳазор сол ба асорат ва зиллат кашидашуда, даргири таъну тамасхуру нофории ноошноён хаставу зартобида, жӯлида дар каманди макру фанду садогирии тарҳҳо ва хостаҳои аҷонибу нохайрхоҳону нотавонбинони худии даҳани дар.

Ҳазор соли охирро ба гуфтор оварданам нигаришест, ки дар ин масофати рӯзгорпардозӣ ваҳдати ба доштбуруни дар буд, аз мо набуд, шугуну ёрманди халоиқи Хуросони паҳнпушти тоҷикнишин набуд! Ниё-гони беваҳдатамон дар муҳит ва меҳвари миту чош ҳатто давлати муқтадирро аз даст доданд. Бадо ба он ҳолу рӯз! Баъди ҳазор сол мойи ҳамзамонони айни азобу анҷараи парешонгардиву беҳамиро даҳболо кашидем. Тиру теғи бегонаву худӣ ба худиро хӯрдем, сӯхтему мурдему нобуд шудем... 

Беваҳдатӣ, бе ҳамгиройӣ, беҳамканорӣ,  фандхӯрдагӣ аз ғаразу мақосиди қудратҳои манфиатхоҳ, корсозону маккорони ҷоҳу ҷалолҷӯ мардуми оромтабиати моро ба шӯру футури бераҳмтарини набарди одамибарандоз – ҷанги ҳамватании бародаркуш тирнишони муҷассам сохт. Бародар бародарро кушт, бехонумон кард.

Банда бо чи тақдири фарёдрасе аз он тиррас раҳо хурдаму ҳот кардам ҷонро дар сояи ҳазорон гурезандаҳои ҳамдиёр то панаҳгоҳҳои кӯю манзилу чӯлу чоҳу чапкандии мардуми Афғонистон ғарибуфтода шудаму мискину мазлум, сокини хаймаи кӯчии биёбонӣ. Ва садқа шавам тақдири созгорро, ки бипайвастам бо дӯкони китобфурӯши фозилу додрас Ғуломҳусайни ватандор.

Бо нахустин салому сухани шириносоӣ фористаш аз табъу ранги шармгину майли ба адабиёту таърихи қавми порсибон доштаи камина. Ва ситораи гарму ғарибнавози ӯ. Дар қаъри чашму дили ман таҳнишин гашт (баъдҳо бо санову ситову миннату ихлос то имрӯз таърифи он марди донои покизаи намозии доғи ватанро гуфтаму навиштам. Аммо тамом накардам).

Ба дурустӣ, ҳар дови дидор мулоқоти мо даргири оҳҳову нолишҳову дамзаху сулфаи талху фарёдҳои додхоҳиву адолатталабӣ мегашт. Марди таърихдону ҳувиятандешу озодиҷӯву ватангири ҳарисе буд Ғуломҳусайн. Таҳ ба таҳ месӯхт аз андуҳи Хуросони собиқан оинаи рахшандаи ними ҷаҳон ва ҳолӣ қаламрави тора-пораи берангурӯ, оғуштаи бухлу кинаву тафриқаву хуну марг.

Ғуломҳусайни поймард, ҳамчунин ғусса мехӯрду дами сард мекашиду талхоба қурт мекард, гуфтӣ, худро ба хоки хунук мезад аз дидани рӯйи зарду пажмурдаву нигоҳҳои заҳири азобу ранҷкашидаи мо-меҳмонони раҳакиву кӯҳакиву чӯлияш. Воқеан, салому дуруду ҳарфу садову ранги ғамини нонталабу ҷоталабу адолатталаби мо ба ҳар каси каме раҳмдилу шафиқ дасту панҷаи мурооту ҳамравонӣ мекушад. Мардуми Афғонистон солиёни мутамодӣ ранҷу азобу гардани каҷи ғурбату хайманишинии чӯлу камару регзорони рӯдхонаҳои бегонаро бисёр дидаанд. Пайғулаи вайронаҳои дурро зистангоҳ кардаанд. Аз ин аст дили сӯхтаву эҳсонашон ба ғарибу мусофиру ғамзадаи пушти дар.

Ғуломҳусайни ватандори ноосудаи шиллики милтиқандозону чилмилапаронҳои Гулбиддинҳову Усурумарҳову Бинлодинҳову террористони покистониву арабиву сардамдорони таълимгари амрикоиву...

Бо ин қадар зарбаи хунгирифтае, ки дар синаву пешонаи ҳамватанони мазлумаш дида буд, боз ҳам ба фузун хотирхоҳи мо-ҳамзабонону ҳамрешагони тоҷикияш дил об мекард. Ёд мекард давлатҳои пурқуввати тоҷикзабон, Саффориён, Тоҳириён, Ғуриён ва албатта Сомониёнро. Ёд мекарду афсӯсу дареғ мехӯрд, ки ҳеҷ кадоме аз он салтанатҳо ба дарозно напайистанд. Аз дарунсӯ ҷағиданд, яктиреба шуданд, ваҳдату якоякиро напазируфтанд, титу чош гардиданд.

Боре рӯйи зикру ёди хайри давлатмардиҳои султонии Исмоили Сомонӣ аз кунҷаки рафи китобхонааш Ғуломҳусайн маҷаллаеро бароварду хонд бароям ва маънӣ кард, ки шоҳ Исмоил мулаққаб ба “Мунтасир”- пирӯзмард, фотеҳ, абарқудрат шуҳравар буда. Бухороро пойтахти давлати паҳновари худ мустақар сохт. Гирдогирдаш девору дарвозаҳои сангин афрохт. Дар партави зарбулфатҳи авранги рустамонааш таҳти давлати мутамарказ Самарқанду дигар шаҳру навоҳии Хуросони шариф оростагиву шукуфоӣ дарёфтанд. Аммо, ҳайфо, вовайлато, воҳасрато султони Кабир андаруни кишвараш иттиҳоди қалъабанди ормонии якояки миллатро наёрист сохтан. Ваҳдати шикастнопазири миллӣ наанбошт сари қаламрави Хуросону соҳати паҳноварашБалху Хатлону Вахшону Бухорову Самарқанд...

Мисли боди парешонгард буд миллат.

Эътибораш-латифахонӣ: “Ту аробаи худро каш, ман аз худро”,”Замин сахту осмон баланд, аз дасти мо чӣ кор ояд?, “Маёзор мӯре, ки донакаш аст”, “То омадани табар кунда биосояд”, “Сари мову табари қассоб” (аз ҳама матали нотавонибину нохудшиносӣ). Аммо сарро аз чамани хобу саҳрои ғафлат набардоштанд бад-ин шиори азаматсоз (он ҳам зарофате аз табъи гарму сурхи тарбиятгари ниёкон): “Мӯрчагон гар бибанданд иттифоқ, шери каёнро бидоронанд пӯст”.

Рӯзе расиду ин мардуми парешонхаёлу парешонрафтораш тани кушташудаи шоҳро дар биёбони Марв ба тобут бардоштанд. Фарзанди Сабуктегини ғуломи нону намакхӯрдаи дарбор аз табори ғазнавиён шоҳро ба қатл расонд. Номаш Маҳмуд, парвардаву баиззатрасидаи гирди дастархони Шоҳ Исмоил бини Нӯҳ. Балки рӯрӯи дастонаш ӯро Исмоилшоҳ ба камол расонд, дар сиюпанҷсолагиаш  рӯи зини сипаҳсолорӣ шинондаш. Лашкаркаши бадхоҳ иттифоқе дастёби ҷангӣ рада басту куштангоҳ омода сохт аз барои шоҳи, гуфтӣ, танҳо  монда ва раҳ ёфт то курсии султонӣ...

-Аз он куштор, офтоби давлати Сомониён ғамангез ғуруб кард. То ҳол мо- қавмҳои порсибони хуросониро на он сурат шоҳи давлатсозу озодманиш насиб гашту на он сохт ҳукумати мояи сарфарозиву ҳурриятхоҳ, - бо сӯзу доғи маҳрумиву бечораҳолӣ дил холӣ кард ошнои ҳамдардам.

-Аз он фоҷеати нестисози Шаҳи қавми маъруф ба тоҷвар, - сухан бар сухан зам намуд Ғуломҳусайн, -ҳамин як шеъри шоир Амора монда, дар сӯги султон Исмоил, ки мехонему месӯзему дигар ҳеҷ:
Аз хуни ӯ чу рӯи замин лаълфом шуд,
Рӯи вафо сияҳ шуду чашми умед зард.
Теғаш бихост хӯрад хуни маргро,
Марг аз ниҳеби хеш мар он шоҳро бих(в)ард. 

Биядари гул, ина ҳолӣ барит иту қисса кунум, ки мавриди таъарруз ба хоки Афғонистон артиши истилогари кишвари шӯравӣ бо мардуми ҳамано пурайшондили ноиттифоқи ваҳдатнописанд бархӯрд, дарёфт луқмаи муфти қурутоб. Якуним милён мардуми мустазъафи бегуноҳ аз бинои ҳастӣ соқит гардид. Панҷ милён нафар аз хонаву кошонашон маҳруму маҷбур тарки диёру ҷову ҷалол карданд.Озмандии озодиву ҳайсияту шарафи ватандорӣ ба хокистон тапида шуд. Оҳе... дилам бардошти гапи дигар надорад...

...Мо-ғарибуфтодаҳои тоҷикистонии мулки афғон ҳам лаб-лаби соҳилҳои дарё, қад-қади чӯлу ҷару кӯю кӯча нолидему чокидем: ҳайдареғ, сад дареғ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мамлакатамон беш аз 150 ҳазор инсонҳои азизро пурармони таги хок кард. Аз милён нафар зиёд овораву ғурбатзадаи мулку макони бегонагон шуданд. 28 ҳазор бонувони хушхона ҳамсарони дӯстдорумро ба дуристони абадӣ супурданд, 40 ҳазор хонаву кошона валангор гашт...

Салому таҳсину покиву пойдорӣ ба субҳи саодатбахши 27-уми июн! Ишқу меҳру нозу ихлосу бӯсаву синаоғӯш нисори пайи пову зарри домани он сапедадам, ки гуфти Ғуломҳусайни таърихдон “офтоби ҳазор сол аз ғуруб сарнабардоштаи ормони волои якояк”-и тоҷикият бо шонати Ваҳдат талъат афрӯхт. Нур рехт дар пешонаи мо-ҳазорон тоҷикони муҳтоҷ дар дурдас-ти Ватан ва ватанбудагон.

...Сап-сапи субҳ буд, ки аз пушти даричаи хаймаи кӯчиам овози ошно, нидои форами бародархонди кӯйи мусофирӣ Устофатҳуллои қӯрғонтеппагӣ сифати усторо ба номи зебои ӯ мо-ҳамроҳон часпонда будем, ёду ҳушамро ба бистари пешомади хуше водор кард. Дар дасташ чун хабарпурси ҳамешагӣ косаи атолаву дар бағал фатираки хокистарпази чӯлӣ  дошт (ӯ бо аҳли оилааш фирор карда буд, ман танҳо ғариб) нишастем перомани дастархони бечораҳолӣ. Аммо ӯ бечораҳолу бечоранол (чун рӯзҳои пешин) наметофт. 

-Ҳадягирам, бародари Мирзо, -бо нигоҳи меҳрафрӯзу лабхандаи хушхабарӣ суҳбат оғоз кард.

-Нек бошад? -гап кушодам.

-Подшоҳи навамон - Эмомалӣ Раҳмон кофтуковамон омада ба Афғонистон. Радёҳо мегӯянд, ки омадаст аз барои сулҳбандиву бозгардониву ғарибнавозии ҳамватанонаш. Хобҳои хубе дидан дорам, додар, иншооллоҳ, гирди табақу косаи Ватан сарҷамъ мешавем. Раҳмати ҳақ ба гузаштаҳошу ҳозираҳош. Ба ҳамин хоки пурҷангуҷӯши афғонӣ, моро, ки суроғ омадааст, Худо ёраш бошад. Худо ба камоли нусрату
шуҳрати давлатгираш бирасонад.

-Акаҷон, -ҷавоб гардондамаш, - ман ҳам шунидаам ин ташрифи қаҳрамонии ӯро. Мулоқот мешавад имрӯз дар мавзеи Хусдеҳ. Гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо сарони мухолифин. Устод Рабониву Баҳодур Аҳмадшоҳи Масъуд ин пойгаҳи аҳдбандии тоҷиконро коровар кардаанд. Чандин рӯзу шаб аст, ки аз шодӣ дар колои афғонӣ намеғунҷад танам.

Сари таърифу табрик бад-ин ҳадиси муждарасон наҷоту бозёби ҳаёти ватандорӣ дафтари ёднависҳои дори ғурбатамро кушодаму ба акаи устои Фатҳулло ин шеъргунаи муҳоҷирбачагони то рагу хун зору муштоқи молишу болиши рӯи хоку сабзазори Ватанро хондам:
Ҳадяма бте, раҳми
Худованд омад,
Ай сӯни Ватан саломи
дилбанд омад.
То ин маҳал аз ҳамон
кӯдакон шунида будам:
Хокбозиву лойбозӣ,
Дар хоки ғарибона,
Моро, ки барад аз чӯл, 
То хонаву кошона...

Боз афзукдам: -Акаи азиз, ин байтҳоро кадом калонсоли дилсӯхтае бофтаву ба забони кӯдакон рехта. Ҳамаи мо ҳазорон дилсӯхтагони муштоқем ба дидори Ватан. Хуни худро ба нохуни худ хӯрдем: чи рӯзе бошад, як бори дигар ба бӯву мазаи ҷондамони обу хоки диёр дасту чашму ақл тар кунему аз нав сабз шавем. 

Ин маҳал аз пушти дари хайма хешу ҳамсояи панҷиам (аз ноҳияи Панҷ), номаш Сахӣ овоз дод:-Гадоюфҷон (бо ҳамин ҳурмат номам мегирифт. Раҳмату ҳурмати Худо муносибаш бод. Ба Ватан бозгашту чанд соле шод зисту шод мурд), -ку, худта буҷумбон. Дарак дорӣ, надорӣ, Ватан меравеме! Бӯи хонаи падарӣ меояде. Дар назарам хаймаат гул кардааст. Сардори калон ба кофтанамон омада. Сад шукр, мебарадмон. Худо аз хушиҳо сераш кунад. Қадри маро, ки медорад, Худо қадраш бидорад. Чун вориди хайма шуд, чашмо наш лиққи об буд. Аввал акаи Фатҳуллоро қучоқ кашид.

-Ҳе устое, -аз китфаш такон дода, гапашро пазонд. –Худоро ба хосташ, бо қошуқу кафлезу кавлоку косаҳои дастсозат обу нони ватанро нӯши ҷон мекунем-ҳа? Акои Фатҳулло аз рӯзҳои аввали мусофират дасту панҷаи бахайр кушод. Аз оҳану тунукаву асбобу ускуни партоби мошинхонаҳои артиши шӯравӣ афзору анҷоми лавозимоти хонагӣ месохту ройгон тақдими ҳамраҳон мекард. Ҳатто афғонҳои муқимӣ ҳам ба дастовезҳояш хостор меомаданд. Модаре ҳамсоя чанд бор шунавонд: садқаи дастонаш, додарам, Фатҳуллоро дастмояҳои сохтааш бӯи Ватан мекунанду хӯрокро бомазза. Сахӣ боз даргирифт чун мудомат рӯирост (марди бадилу гурда буд) Аллоҳтаъоло ҳамин бор аз дасти ҳамин наҳзатиён, ки худро пешво карданду моро пешпо халос шавам, дар ду дунё ба гапашон намекунам. Парвардигор дар дарёи Панҷ пули сирот бишнонаду гунаҳгорони ҷанги ватансӯзро биафтонад ба қаъри оби даркаш то бишносемшону “дӯзах муборак”, бигӯемшон.

...Ина, қиссаҳое ҳоли ногуфтаи бисёрест дар дилу дафтари маҳали ғарибгардишам. Ва борҳову борҳо навиштаниву гуфтанианд ба эътибори фарзандон, наберагон, абераву чабераҳо, ки фирефтаву гумроҳи нохайрхоҳону кӯтаҳназарони миллату кишвар нагарданд. Акаи Фатҳулло мегуфт: “Парвардигор дар сояи деворҳои гиландова, чангу хоки подароҳҳо, дуди танӯри бӯи хокистари таги деги хонаву дару гирди табақи сарҷамъонаи мулки худ бикушаду тахту боргоҳи бегонагӣ  надиҳад.

...Ҳар бори салому дидор аз собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров панд мешунавам, бад-ин эътимоди ростиву дурустӣ: “Ҳеҷ неъмате, дороиву қалъаву дӯстонсарое раҳмату саодати сарҷамъии тоҷиконро надошта. Ин ганҷи бебаҳову бебадалро Ваҳдат номӣ кардем, ки натиҷаи тадбирҷӯиву машаққаткашиву мардумнигаҳдории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Зод бар зод, пушт ба пушт дар зикру ҳифзи он бояд буд, ки ин Ваҳдатро сарвари тавоно, воқеан бо дасту фарри қаҳрамонона чун кӯзаи тилло аз оташдони алангазада бароварду дар синаи Ватан овехту шарафмандӣ бахшид.

Сафари баҳодуронаи ӯро ба мавзеи Хосдеҳи онвақт оташгирифта бар асари ҷангу ҷӯши дохилии Афғонистон таърихи миллати муташаккир бояд ҳаррӯза ёдоварӣ кунад. Чархболи мо ду соат дар рӯи Хосдеҳи пур аз дуду шуълаи тиру тӯппарронӣ амри фуруд нагирифт. Илтиҷову эътинои бисёри мо- ҳамроҳонаш ба пешаш рехт, ки боясти рӯ тофт аз ин сафари марговар. Ҳамагон ҷони саломаташро мехос-тем. Аммо азми гармашро хунук накард. Ҷони мо ҳам қатори ҳамватанони овораву тирхӯрдаамон, нидо мерасид аз амру пиндору рафтораш. Бо ҳамин эътибор устод Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд, ду абармарди ҷоннисори тоҷикият, моро қабул карданду шинонданд рӯи муоҷадаи Ваҳдати даринтизор шабу рӯзи дилафсӯрану ҷон костан рӯ ба рӯи мухолифин сарвари тадбирсоз аҳдномаи ваҳдати устуворро ба даст овард”.

-Ҳамин иди сарафрози ҳамаи идҳои мо, муродбахш, фурӯзонгару пуштигир-Ваҳдати комёб муборак, тоҷикистониёни азизи ҳамоғӯш!

Мирзо Набот ,
собиқадори матбуот,
ноҳияи Панҷ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода