Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рамзи ватану ватандорӣ


Рамзи ватану ватандорӣ




32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз миллати тоҷик - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин рӯйдоди фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.
 
Дар тӯли замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Ғазолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Саидою Бедил барин нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони соҳибистиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору ободониву созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва дараҷаи бахту саодати миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 

Мардуми кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор дорад, ки аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаанд.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошуби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлати мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба муомилот баромад ва эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил-Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадии давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардаҳои мо дар замони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Мавриди зикр аст, ки соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони талошу муборизаҳо, ки мамолики гуногуни олам аз офатҳои табиию бемориҳои ҳамагир ва нарасидани озуқаю оби ошомиданӣ азият мекашанд, озоду осуда будан иқболи баланд аст.

Мо - мардуми тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлоли давлатӣ расем, бо меҳнати фидокоронаи худ дастовардҳои замони истиқлолиятро ҳифз намуда, баҳри боз ҳам ба як кишвари ободу зебо ва тараққинамудаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистони азиз заҳмат кашем.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.

Ҳ. Н. Раҳимзода,
муовини прокурори ҳарбии
гарнизони Бохтар, полковники адлия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода